Arzon march 2024
Медали тилло аз Кувайт
401

Мусоҳиба бо олими соҳаи тиб Гулнора Ҳоҷиева

Гулнора Ҳоҷиева дотсенти кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аст. Ӯ имсол дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорон дар давлати Кувайт иштирок намуда, сазовори медали тилло шуд. Дар арафаи Рӯзи модар бо муаллима Гулнора Ҳоҷиева суҳбат намудем, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.

- Қаблан медали тилло бароятон муборак бошад! Зимнан, мегуфтед, ки чӣ гуна тавонистед дар ин намоишгоҳ иштирок намоед?

- Ин Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони Шарқи наздик (IIFME) ном дошт ва аз 16 то 19-уми феврали соли равон дар давлати Кувайт доир гардид. Дар он аз 44 давлат ихтироъкорон иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон 2 нафар аз Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва 3 нафар аз Донишгоҳи миллӣ иштирок карданд ва сазовори медал гаштанд.

Ман пеш аз Кувайт ихтирои худро дар шакли мақола ба Маркази миллии патенти Тоҷикистон мувофиқи талабот омодаву пешниҳод кардам. Ин ихтироъ «Маҷмуи гиёҳҳои шифобахш - Чордору» ном гирифтааст. Он аз байни растаниҳо: пӯчоқи анор, пӯстлохи булут, шалфи ё чойкаҳак ва зира интихоб шуда, хусусияти шифобахшӣ дорад. Дар хотир дорам, вақте мо бемории рӯдаву меъда ё дамиши шикам мешудем, модарам пӯчоқи анор, зира ва наботро ҷӯшонда медоданд.

Баъдан, дар шуъбаи гемотология чунин беморон зиёд муроҷиат мекунанд. Ин бемориҳои лейкосҳои шадид ва музмин аст, ки ниҳоят вазнин мегузаранд. Вақте ки мо химиятерапея мегузаронем, оризаҳои зиёд доранд. Ба майнаи сар, ҷигар ва меъдаю рӯда таъсир мерасонанд. Диарея, исҳоли хунин ё обӣ мешаванд. Дар он вақт истифодаи доруҳои зиёд манъ мешавад ва табобат танҳо бо истифодаи як намуди дору мумкин аст. Бо табибон маслиҳат карда, истифодаи “Чордору”-ро ба роҳ мондем, ки ба беморон фоида кард. Ба беморон онро ба ҷойи чой дам карда, пешниҳод мекардем. Сипас, онро ҳамчун ихтироъи худ дар Маркази патенти Тоҷикистон ба қайд гирифта, дар намоишгоҳи байналмилалии Кувайт муаррифӣ намудем. Дар натиҷа ин ихтироъ ба аъзои ҳакамон писанд омаду бо медали тилло қадрдонӣ карданд.

- Идеяи офаридани ин маҷмӯи гиёҳҳо аз куҷо пайдо шуд?

- Таҷрибаи истифодаи гиёҳҳо ба беморон ва зуд шифо ёфтани онҳо аст. Ҳамчунин, барои офаридани ин ихтироъ бароям чанд нафар, аз ҷумла мудири кафедра Комрон Уроқов, муаллими калони кафедра Тоҷиддин Шамсов, ассистенти кафедра Марҷона Шоҳназарова кумаку ҳамкорӣ карданд.

- Оё таҳқиқоти илмӣ ва озмоишҳои тиббии он анҷом ёфтаанд?

- Бале. Се сол шуд, ки мо ин доруро дар беморони лекосҳои шадид истифода мебарем.

- Чӣ гуна ин доруро беморон истифода мекунанд?

- Ин дору аз 6 ғилофак иборат аст. Онро чой дам карда, медиҳем. Дар намоишгоҳ ҳам чунин кардем. Ба назди комиссияи озмун ташхиси табобати беморон ва чойи дамкардашударо аз гиёҳҳои “Чордору” пешниҳод намудем.

- Дастовард дар намоишгоҳ чӣ гуна пазируфта шуд?

- Хеле зиёд таваҷҷуҳ карданд. Чунки аз гиёҳҳо иборат буд ва ягон моддаи химиявиро ба он омехта накардаем. Яъне, ба саломатӣ фоидабахш асту зиёновар не.

- Оё ин дору дар амалия истифода мешавад ё ҳанӯз дар марҳилаи озмоиш қарор дорад?

- Танҳо дар дохили муассиса истифода мешавад. Аммо ҳоло дар дорухона ва фурӯш нест. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маркази фарматсия фаъолият мекунад. Ба ин марказ муроҷиат кардем, ба наздикӣ истеҳсолаш ба роҳ монда хоҳад шуд.

- Дар муқоиса бо доруҳои муосир, бартарии «Чордору» дар чӣ аст?

- Бисёр доруҳо моддаҳои химиявӣ доранд. Аммо «Чордору» аз маводҳои растанӣ омода шудааст. Зарараш ниҳоят кам аст. Баръакс, ба ҷигар, дил, рӯдаю меъда фоида дорад. Он хунравиро манъ ва ҳамчун антибиотик истифода карда мешавад. Махсусан, захмҳоро зуд шифо мебахшад. Умуман, ҷиҳатҳои мусбат зиёд дорад.

- Оё ин дору метавонад бемориҳои мушаххасро пурра табобат кунад ё танҳо сабукӣ мебахшад?

- Бале, холестерин, панкреатини музмин ё дарунравӣ бошад, ин дору муфид аст. Аммо, пеш аз истифодаи он муроҷиат ба табиб беҳтар аст. Он мувофиқи ҳолати бемор ва ташхиси тиббӣ тавсия дода мешавад. Худтабобат мумкин нест.

- Шумо солҳо боз ба омӯзишу табобати бемориҳои дарунӣ машғулед. Имрӯз кадом бемориҳо бештар паҳн шудаанд?

- Бемориҳои рӯдаю меъда ва талхаву ҷигар ниҳоят зиёд шудаанд. Фишорбаландӣ, диабети қанд, инсулт ҳам рӯ ба афзоиш аст. Аслан, пас аз коронавирус ҳамин намуди бемориҳо боз бештар шуданд.

- Омилҳои асосии пайдоиши ин бемориҳо кадомҳоянд?

- Муҳит ва ҳар гуна вирусҳо. Ҳамчунин, дар вақташ табобат накардану реҷаи вайрони истеъмоли хӯрок ва зиндагӣ аст. Баъдан, ҳоло мардум бештар ба худтабобат машғуланд. Ба духтур вақте ки камтар бемори вазнин ё оризаҳо пайдо шуданд, баъд муроҷиат мекунанд.

- Тавсияи шумо чӣ аст?

- Саривақт ба духтур муроҷиат кунанд, аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

- Оё гиёҳдармонӣ метавонад ба коҳиши бемориҳое, ки ном бурдед, мусоидат кунад?

- Албатта, гиёҳҳо зарар надоранд. Тоҷикистон аз лиҳози растаниҳои табобатӣ бой аст. Мувофиқ ба бемориҳои гастрит, дамиши меъдаву рӯда, фишорбаландӣ ё гепатитҳо растаниҳои шифобахш мавҷуданд, мардум метавонанд истифода кунанд.

- Чӣ гуна тарзи ҳаёт ва ғизо метавонад барои пешгирии бемориҳои дарунӣ кумак расонад?

- Ғизои солим дар мадди аввал меистад. Пурхӯрӣ ба саломатӣ зиён мерасонад. Мардум хӯрокҳои бирёнкардашуда ва шӯриро бояд камтар истеъмол кунанд. Мардуми мо бегоҳ бештар хӯрок истеъмол мекунанд, ки ин нодуруст аст. Баръакс, бегоҳ хӯроки сабук ва кам истеъмол кунанд. Набояд дер хӯрок хӯранд. Бисёриҳо бо бемориҳои панкреатин ва холестерини музмин муроҷиат мекунанд. Онҳо соати 9-10 ва ҳатто 11-и шаб хӯрок хӯрда, даромада хоб мераванд. Сипас, ҳар гуна оризаҳо пайдо мешаванд. Пас аз хӯрок ақаллан ним соат бояд қадам зананд, то он ҳал шавад.

- Шумо ҳамчун мутахассиси соҳа ба ҷавонони ояндасози тиб чӣ маслиҳат медиҳед?

- Бештар хонанд. Дар ҳамоишҳои сатҳи гуногун иштирок намоянд, донишу таҷриба гиранд. Имрӯз технология босуръат пеш рафта истодааст. Танҳо мутахассиси донишманд метавонад онро мақсаднок истифода кунад.

- Шумо фарзанди шоири маъруф Бобо Ҳоҷӣ ҳастед. Нақши падар дар ташаккули шахсияти шумо чӣ гуна аст?

- Бале, ман фарзанди Бобо Ҳоҷӣ ҳастам. Падарам бо тамоми ҳастии худ ба тарбия ва рушди фикрии ману дигар фарзадон кумак кардаанд. Падарам як инсони бо фарҳанги баланд, хоксор ва ростқавл буданд. Ташаккули шахсияти мо фарзандон низ дар муҳити китобхонӣ ва муҳаббати беандоза ба забон ва адабиёт сурат гирифт. Маҳз роҳнамоии падарам буд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм ва тамоми зинаҳои таҳсилот: интернатура, ординатураи клиникӣ, аспирантураи рӯзонаро гузаштам. Дар 32-солагӣ таҳти роҳбарии профессор Муҳаммад Бобохуҷаев дар Институти кардиологияи Бишкек рисолаи илмиро ҳимоя кардам. Он замон ҷавонтарин олим дар донишгоҳ ҳисоб мешудам.

- Чӣ хотироти ҷолибе аз падар доред?

- Як лаҳза аз ҳаёти падарам: Ба хона омаданду гуфтанд, ки имсол дам мегирам ва шумо ба ҷойи ман раведу берун аз Тоҷикистон истироҳат кунед. Ба падарам гуфтам, ки ҳавлиро касе нест нигоҳ кунад. Падарам розӣ шуданд, ки то омадани мо - аҳли оила хонаро нигоҳ мекунанд. Вақте аз истироҳат баргаштам, падарам калиди хонаро ба дастам дода, гуфтанд: “Ман як кор кардам. Аз яхдонат як миқдор гӯшти мурғро гирифтаму ҳар рӯз тақсим карда, ба сагат додам. Лекин ба ҷояш боз гӯшти мурғ харида оварда мондам”. Ана, ҳамин тавр ростқавл буданд.

Падарам рӯзҳои вазнини гуруснагиро дидаанд. Мегуфтанд, ки дар солҳои ҷанг кунҷола хӯрдаанд. Ҳамеша дар фикри шиками мо ва хеле камгап буданд. Се-чор сол пеш аз маргашон ба мо - фарзандон нақл карда буданд, ки ба пойтахт пойи луч омадаанд. Дар интернати Панҷакент калон шудаанд. Баъд, бо муаллимашон бо поезд ба Душанбе меоянд. Дар Душанбе пойафзоли муаллимашонро медузданд ва бе пойафзол мемонад. Падарам пойафзоли худро ба муаллимашон медиҳанд.

- Насиҳате аз падар шунидаед, ки ҳоло ҳам он муҳим аст?

- Падарам мегуфтанд, ки бояд фақат худат хонӣ. Ман ба ту ёрдам намекунам. Худат ҳаракат кун ва ба пеш рав. Нони ҳалол хӯр. Ва як китобашон низ “Нони ҳалол” ном дорад. Махсусан, ҳамеша ёд медоданд, ки бо ростӣ ва муҳаббат ба инсонҳои дигар зиндагӣ кунам.

Мусоҳиб: Усмон РАҲИМЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД