Arzon march 2024
Медали нуқраи Наврӯз Каримзод дар Деҳлӣ
402

Дар рӯзи якуми Чемпионати Ҷаҳон оид ба гӯштини кураши қазоқӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон варзишгари тоҷик Наврӯзи Каримзод дар вазни то 74 кг ба гирифтани нишони нуқра шарафёб гардид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, варзишгари мо бо мағлуб кардани рақибон аз кишварҳои Эстония, Молдова ва Эрон роҳашро ба финал ҳамвор карда, он ҷо аз намояндаи Қазоқистон мағлуб шудааст.

Дар ин рӯз варзишгари дигари мо Сомон Аламов дар мубориза барои нишони биринҷии вазни 60 кг ноком гардидааст. Сарвар Абдушукуров дар вазни то 66 кг дар даври аввал мағлуб шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон 7 варзишгар дар ин мусобиқа ширкат доранд.

Имрӯз, дар рӯзи охири мусобиқа дар вазни 82 кг Ҳайдар Саидкабирзода, дар вазни 90 кг Ҳақназар Назаров, дар вазни 100 кг Саидҷамол Алимардонов ва дар вазни ҷамъи 100 кг Дадахон Қурбоналиев Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳанд намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД