Амина боз Шуҷоъро хоб дид…
Аз марги ӯ ду моҳ гузашт ва дар ҳамин ду моҳ ҳар шаб меҳмони хобҳои ӯст. Бо ҳоли зор, дасту пойи шикаста сари кафидаву чашмони аз сараш баромада аз ӯ узр мепурсад, ким чӣ зорӣ мекунад.
Амина аввал назди рӯҳшинос рафт, баъд назди як домуллои машҳур, домулло марди донишманд ва ориф ӯро дуохонӣ карду як маслиҳат дод:
-Ту бояд сари қабри ин одам равӣ ва ӯро бубахшӣ. Намедонам байни шумо чӣ гузашта, вале рӯҳи ӯ аз ин гуноҳҳояш дар азоб аст.
Зан дид, ки намешавад, рӯзи дигар бе он ки ягон касро хабар кунад, ба бозор рафта, хариди бисёре кард ва ба пушти мошинаш гузошту роҳ пеш гирифт сӯйи деҳаи дурдасти кӯҳистон. Раҳораҳ пеши назараш чашмони хунсарди Шуҷоъ меомаданд, Амина дар дилаш кайҳо ӯро бахшида буд, вале Худо набахшида будааст…
Ишқи нобаробар
Онҳо дар як семинар шинос шуданд, Шуҷоъ ҷонишини сардухтури яке аз беморхонаҳои шаҳр буду Амина бошад, ҳамчун хоҳари шафқат дар як беморхонаи канори шаҳр кор мекард. Семинар дар бораи бемории саратон ва пешгирии он буд. Шуҷоъ худро мисли занон орову торо дода, дар гарданаш занҷираи тиллову дар дасташ ангуштарии калоне пӯшида, аз ҳама зиёд гап мезад, то мардум фаҳманд, ки ӯ доност. Азбаски ҳусни казоӣ надошт, касе аҳамияташ намедод. Ба Амина зиёдтар ангуштарину занҷирааш маъқул наомад, ӯ бо ҳайрат аз дил мегузаронд:
-Айба намедонӣ, духтур ном дорӣ, ангуштаринаш занона барин….
Вале дар рӯзи дуюми семинар онҳо ба ҳам дӯст шуданд, фасли баҳор буду борон беист мезад. Шуҷоъ бо мошини кӯҳнаяк, вале хеле орододааш назди Амина истода, ӯро то ҷойи кораш бурд. Як ҳафтаи семинар онҳоро ба ҳам наздиктар кард, ҷавонзан ҳеҷ умед надошт, ки Шуҷоъ ба вай изҳори ишқ мекунад, зеро аз вай понздаҳ сол калон ва соҳиби се фарзанди баркамол буд. Зиндагии Амина он қадар ширин оғоз наёфта буд, ҳамсараш дар садамаи нақлиётӣ фавтид, ду духтару як писарро бо нони ҳалол ба воя расонду соҳиби хонаву дар кард. Духтарони боодобу ҳунармандашро бародаронаш келин карданду худаш низ духтари хоҳарашро ба писараш дод. Писараш Донишгоҳи тиббиро хатм карда, ба Маскав рафта, аз рӯйи ихтисосаш ба кор шурӯъ карду зану фарзандашро бурд. Амина ҳам рафт, вале фақат шаш моҳ тоқат кард ва баргашт ба Ватан. Акнун ҳушу ёдаш ба кор буд, кори маҳскуниро омӯхта, кӯдаконро маҳс мекард, пули хуб меёфт, фарзандонаш хабаргирияш меомаданд, вале дарди танҳоӣ мекашид. Бо омадани набераҳояш хонааш тӯйхонаро мемонд, вале чун онҳо мерафтанд, зиқ мешуд. Танҳо кор марҳами танҳоияш буд.
Шавҳари ҷавон
Писараш борҳо ба вай гуфта буд, ки “очаҷон, чилу панҷ охири умр нест, агар одами хуб барояд, шавҳар кун”. Аммо Амина ба гӯшаи хотир ҳам намеовард, ки шавҳар кунад. Хушдорони зиёд дошт, зеро хеле зани зебо буд. Қомати баланд, пӯсти сафеду чашмони сабзи нилияш ӯро ба ҳунармандони синамо монанд мекарданд. Ширинзабонию боандешагӣ ва иффату порсоияшро як зани дигар мегирифтанд. Ҳамин зебоияш дили Шуҷоъи бодиро бурд ва чун кана ба вай часпид. Амина низ оҳиста-оҳиста ба вай дил бохт ва пинҳон аз ҳама никоҳ карданд. Амина медонист, ки Шуҷоъ зану чор фарзанд дорад, дили меҳрубонаш намехост, ки зани ӯ аз ин воқеа хабар ёфта, ғам хӯрад. Ба Амина аз шавҳараш ду хонаи дуҳуҷрагӣ мреос монда буд, ки дар ҳамсоягӣ буданд. Солҳои дароз ӯ дар як хона мезисту дигарашро ба иҷора медод, то ба зиндагияш ёрие шавад. Баъде, ки фарзандонаш ҳамагӣ соҳиби ҷову хонаи худ шуданд, ӯ хонаҳояшро фурӯхта, дар маркази шаҳр хонаи панҷҳуҷрагии зебое харидорӣ намуда буд. Шуҷоъ аввалҳо патаку пайтова буд, вале баъд мақсадҳояш аён шуданд. Ҳарчанд, ки ӯ як сари сих барои Амина сарф намекард, ба ҳар баҳона аз вай пул мегирифт. Амина пули хуб меёфт ва парво намекард, вале оҳиста-оҳиста шавҳари ҷавонаш ба ивази ҳар шаби истоданаш аз ӯ пул талаб мекардагӣ шуд. Шуҷои гурусначашм худашро мисли фоҳишаҳо ба зани никоҳияш мефурӯхт. Вақте ки духтарон ба хабаргирии модарашон оянд, Амина омадани Шуҷоъро то рафтани онҳо манъ мекард. Ин кори ӯ мардро девона мекарду ӯро таҳқир мекард, ҳатто ба сараш даст мебардошт. Амина ин хунукчеҳраи аблаҳро дӯст медошту ба ҳама таҳқиру таҳвинаш тоқат мекард, гапи задагияш “ту кампир, медсестрачаи паст” буд, оҳиста-оҳиста ҷавонзан дарк кард, ки чӣ иштибоҳи бузурге кардааст…
Дузд
Шуҷоъ дар баробари Амина бо занони дигар низ гап мезад, зан инро пайхас мекарду чизе намегуфт, вале як рӯз баъди таҳқирҳои навбатияш гуфт:
-Бале, ман кампир, каму ғам не, ҳашт набера дорам, ту падарлаънат як сол зора карда, маро бовар кунондӣ, ки ишқи нобаробар ҳам хушбахтӣ меорад ё не?! Пас, чаро имрӯз маро ин қадар азоб медиҳӣ?
-Ту кампири ҷалаб овоз баровардӣ,- гӯён, Шуҷоъ он қадар зери лагадаш гирифт, ки дар сару танаш ҷойи ободӣ намонд. Як моҳи дароз болои бистар мегирист, ба духтарону хешу табораш гуфт, ки “шаб аз кор бармегаштам, ду нафар маро лату кӯб карда, ҳамёнамро кашида гирифтанд”.
Амина ба ҳамин ҳам ризо шуд ва ҳарчанд азоб буд, аз Шуҷоъ дил канд, аммо ин дарди ҳарина боз пайдо шуд. Ин дафъа Шуҷоъ зорӣ карду зорӣ, аммо зан ӯро набахшид ва аз вай талоқ хост. Шуҷоъ ман бегоҳ меояму талоқатро медиҳам гӯён, омаду боз ба зорӣ гузашт, аммо аз дидани чеҳраи ӯ дили зан мешурид ва ӯро аз дар берун кард.
Пас аз ду рӯзи рафтани Шуҷоъ ӯ қуфлу калидашро дигар кард ва танҳо баъди як ҳафта фаҳмид, ки тамоми ҷавоҳироташ гум шудаанд. Кам не, ба сӣ ҳазор доллар ҷавоҳирот дошт.
Амина аз оилаи баобрӯ буд ва ҳеҷ намехост гирди номаш овоза паҳн шавад, писару келин ва духтарону домодаш чӣ мегӯянд?!
Давом дорад