Дар Муассисаи давлатии Телевизиони "Душанбе" мавсими сеюми маҳфили " Ватанпарвар"-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷамъбаст гардид.
Маҳфили «Ватанпарвар» тайи ду соли фаъолияти худ ба яке аз майдонҳои муҳими ташаккули ҷавонони фаъолу ташаббускор табдил ёфта, дар ҳамкорӣ бо маҳфили “Ватанпарвар”-и шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 500 нафар ҷавононро ба сафи худ ҷалб намудааст.
Ҳадафи асосии маҳфил тарбияи насли худшиносу ватандӯст, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, рушди малакаҳои роҳбарӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад. Дар ин замина, барои аъзо пайваста тренингҳо, семинарҳо ва дарсҳои омӯзишии ройгон ташкил гардида, барои такмили дониш, рушди тафаккур ва баланд бардоштани қобилияти роҳбарии ҷавонон мусоидат менамоянд.
Қобили зикр аст, ки аъзои маҳфил дар чорабиниҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, дар баргузории онҳо саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон, ҷавонони фаъоли маҳфил дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва шоҳҷоизаҳо гардидаанд, ки ин далели сатҳи баланди омодагӣ ва қобилияти онҳо мебошад.
Дар ҷараёни чорабинии ҷамъбастӣ ба як қатор аъзои фаъол барои саҳми арзандаашон дар рушди фаъолияти маҳфил сипоснома, сертификатҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Гуфта шуд, ки маҳфили «Ватанпарвар» минбаъд низ ҷиҳати дастгирии ҷавонони болаёқат, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва омода намудани насли созандаву бунёдкор фаъолияти худро идома дода, дар пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.