Дирӯз, 11-уми июни соли 2026 маросими сафарбар намудани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчурӯд» воқеъ дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тибқи қарорҳои қабулшуда, дар мавсими тобистонаи соли 2026 фаъолияти истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдаконаи «Шарора» дар 4 баст (давра) ба роҳ монда шуда, дар ҳар баст 250 нафар кӯдак ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Дар маҷмуъ, дар мавсими имсола барои фарогирии 1000 нафар кӯдак шароит муҳайё гардидааст.
Ба истироҳатгоҳ пеш аз ҳама кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони аз оилаҳои эҳтиёҷманд, инчунин хонандагони фаъол, ғолибони олимпиадаҳо, озмунҳо ва мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур сафарбар карда мешаванд. Синну соли кӯдакони фарогирифташуда аз 7 то 14-сола муайян гардидааст.
Қобили зикр аст, ки дар басти якуми истироҳатгоҳ дар баробари хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур инчунин қариб 40 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе низ ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.
- Дар истироҳатгоҳи «Зимчурӯд» барои кӯдакон тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ муҳайё гардида, онҳо метавонанд дар муҳити солим ва бехатар истироҳат намуда, вақти худро самаранок сипарӣ намоянд,- меафзояд манбаъ.