arzon replenishment
Мавлудаи духтарфурӯш (Қисми 3)
06.03.2022
ОИЛА
4486

 

Қиссаи як зани маккор, ки бо макру фиреб духтарони содаву зудбоварро ба дом афканда ба Дубай бурда, ба фоҳишагӣ мефурӯхт

 

Кабки қафас

Ҳамин тавр Парвонаи нозанин ба ғуломи шаҳвонии Инобатхон ва Мавлуда табдил ёфт. Ҳар рӯз чанд ҷавони ҳузарб бо мошин омада, Парвонаро ҳамроҳи дигар духтарон ба дискоклубҳои шаҳр мебурд. Мардони гуногунмиллат ин духтарони сарсахтро харидорӣ карда, барои дилхушӣ бо онҳо пули калон медоданд, вале...

Тамоми маблағи аз ин роҳи нангин ба даст омадаро Инобатхон соҳиб шуда, ба духтарҳо як пули пучак ҳам намедод. Духтарҳо ҷуръат намекарданд, ки садо баланд кунанд, зеро хуб медонистанд, ки аз дасти ин аждаҳозан ҳама кор меояд ва агар исён кунанд, онҳоро зинда намемонад, бинобар ин, аз тарси ҷон чизе гӯяд, иҷро мекарданд...

Комила чӣ тавр ба Дубай рафт?

Аз байн тахминан 20 рӯз гузашта буд, ки як шом дугонааш Комила дар иҷорахонаи Инобатхон пайдо шуд. Азбаски худаш ба доми бало афтида буд, бо дидани ин духтари гумроҳ дили Парвона ба сӯзиш омад ва пичирросзанон гуфт:

-Ту чаро ба ин ҷо омадӣ?

-Апаи Мавлуда ба ман шиносномаю чиптаи ҳавопаймо фиристоданд. Дар ин ҷо дар ягон кошонаи ҳусн кор карда, зиндагиамонро беҳтар кардан мехоҳам,-гуфт дар ҷавоб Комилаи аз асли гап мехабар...

-Эҳ духтари сода, беҳуда омадӣ, охир ту ҳоло намедонӣ, ки ба чӣ балои азиме гирифтор шудаӣ,-лаб газида гуфт Парвона...

Ин дам Инобатхон чун балои осмонӣ дар болои сарашон пайдо шуд. Парвона аз ин зани ҷаллод қади аҷал метарсид ва аз тарси он ки ба сараш боз ягон балои дигарро наорад, дам фурӯ баста, ба ҳуҷраи дигар даромад.

Ҳамон шаб Инобатхони маззахӯракшуда, ки ба пули муфт одат карда буд, сайди навашро ба қавли худаш афшонда, ба Комила гуфт, ки барои чипта ва ҳуҷҷатҳои вай 4000 доллар сарф кардааст ва бояд аз худи аз пагоҳ сар карда, ҳамроҳи дигар духтарҳо ба дискоклубҳо рафта, мардҳои сарватмандро шикор кунад. Духтарак аввал эътироз кард, ки вай ҳеҷ гоҳ фоҳишагарӣ намекунад ва талаб намуд, ки фавран ӯро ба Тоҷикистон гусел намоянд, вале Ибодатхон бо кӯмаки ҷавонҳои хизматгораш чунон адаби ин духтари саркашро дод, ки ба ғайр аз ба тақдир тан додану сар фаровардан Комила дигар ягон чора надошт.

Ҳамин тавр бо касофати апахондашон Мавлудаи ҳиллагар Парвона ва Комила ба доми даллаи духтарфурӯш Ибодатхон афтида, ба ғуломи шаҳвонӣ табдил ёфтанд. Духтарҳо аз тарси ҷон маҷбур буданд, ки ҳар рӯз ба дискоклубҳо раванд. Мардҳои гуногунмиллат онҳоро мисли мол харидорӣ карда, барои қонеъ кардани нафси ҳароми шаҳвонии худ истифода мебурданд ва баъзан чунон нағмаҳое мекарданд, ки ногуфтанӣ, вале духтарҳо маҷбур буданд, ки ба ҳама таҳқиру хориҳо тоқат кунанд, дар акси ҳол ба ҷазои хеле сахт гирифтор мегаштанд...

Мавлуда ҳамроҳи Инобатхон дар як ҳуҷра ва духтарҳои ба ғуломии шаҳвонӣ афтода дар ҳуҷраи дигар зиндагӣ мекарданд. Онҳо чанд сол боз нону намакхӯр бошанд ҳам, баъди духтаронро ба дом афканда бо баҳони кор дар нонвойхона ва кошонаи ҳусн ваваъдаи пули калон ба Дубай оварданаш, Мавлуда бо Парвона ва Комила бегонавор муносибат карда, чунон вонамуд мекард, ки гӯё онҳоро намешиносад. Ин зани бераҳм ҳатто як бор намепурсид, ки духтарҳо чӣ ҳол доранд...

Мавлуда ба Ватан баргашту...

Ҳамин тавр Мавлуда вазифаи худро иҷро карда, барои ба дом афкандани духтарҳои дигар ба Тоҷикистон баргашт, зеро аз ин кор фоидаи зиёде ба даст меовард. Ин зани маккор боз ду духтари дигари тоҷикро гумроҳ карда, бо ваъдаи пули калон ва кор кардан дар кошонаи ҳусн ба Дубай фиристод, ки яке аз онҳо Мадина ва дигарӣ Моҳрӯ ном доштанд...

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД