Sebiston new 2024 october
Мавлудаи духтарфурӯш (Қисми 2)
05.03.2022
ОИЛА
3760

 

Қиссаи як зани маккор, ки бо макру фиреб духтарони содаву зудбоварро ба дом афканда ба Дубай бурда, ба фоҳишагӣ мефурӯхт

Сайде, ки бо пойи худ ба дом афтод...

Саргарми сӯҳбат буданд, ки ҳамсояи Парвона –Комила аз дар даромад. Комила дар ҳусну ҷамол аз Парвона монданӣ надошт. Мавлуда бо дидани ин духтари нозанин дар дил нақша кашид, ки бо ягон роҳ Комиларо низ ба дом афканда, ба Дубай бурдан лозим аст. Зани маккора дар бораи ҳамроҳи Парвона ба Дубай рафтанашон қисса карда, гӯё дар омади гап ишорат намуд, ки агармайл дошта бошад, метавонанд ӯро низ бо худ бигиранд.

-Ман ҳунари нонпазӣ надорам, дар он ҷо чӣ кор мекунам?!-даст афшонд духтарак.

-Ту машшота-ороишгар ҳастӣ, оё медонӣ, ки дар он ҷо ту барин занону духтарҳои ҳунарманд чӣ қадар пули калон кор мекунанд?! Як-ду сол дар Дубай машшотагӣ кунӣ, таги пул мемонӣ,-ситоиш кард Мавлуда.

Ҳамин тавр бо шунидани ваъдаи пули калон дили Комила ҳам ба сафар моил гашт ва мисли кабки дарие, ки бо пойи худ ба доми сайёд меафтад, домони Мавлударо гирифт, ки маро из ҳамроҳатон бигиред. Якбора ду духтарро ба хориҷа бурдан хатарнок ва шубҳаангез буд, аз ҳамин хотир Мавлуда каме фикр карда гуфт, ки аввал онҳо рафта, дар Дубай ягон хонаро иҷора мегиранду баъд ба ӯ хабар медиҳанд.

-Дар бораи ҳуҷҷатҳо ва чипта тамоман фикр накун, ман худам ба ту аз Дубай барои шиносномаю чиптаи ҳавопаймо пул мефиристам,-ваъда дод вай ба Комила...

Дар доми бало

Ҳамин тавр дар байни чанд рӯз Мавлуда тамоми масъалаҳои марбут ба сафарро ҳал кард ва аввалҳои моҳи октябр онҳо ҳамроҳи Парвона ба Арабистон парвоз карданд.

Дар фурудгоҳи Дубай онҳоро дугонаи ҷонии Мавлуда-Инобатхон пешвоз гирифта, бо мошини сиёҳшишае ба хонаи иҷорааш бурд. Парвона дар хонаи Инобатхон боз чанд духтари ҷавону зебои дигарро дида, фикр кард, ки онҳо хешу табор ё духтаронаш ҳастанд, вале...

Ҳамон шаби аввали ба Дубай омаданашон Инобатхони шайтонсират бе парда гуфт:

-Ба гапам гӯш кун, духтарак. Барои то ба ин шаҳр расидани ту ман қариб 2000 доллар сарф кардаам. Ин пули андак-мандак нест. Аз пагоҳ сар карда, ҳамроҳи духтарҳо ба дискоклуб меравӣ ва тамоми ҳунаратро ба кор бурда, кӯшиш мекунӣ, ки мардҳои серпулро ба домат афтонӣ. Тамоми пули кор мекардаатро то адо шудани қарзат ба ман медиҳӣ, ана баъд барои худат пул кор мекунӣ!

Бо шунидани ин гап ҳангу манги Парвона канд ва аз алам гиря карда, зориву тавалло намуд, ки ӯро ба Тоҷикистон баргардонанд, вале Инобатхон аз он занҳое набуд, ки сайдашонро ба осонӣ аз даст медиҳанд. Вай дар ин кор таҷрибаи калон дошт ва чӣ гуна ғулом кардани духтарони ҷавонро хуб медонист.

-Фиқ-фиқу гиряро бас кун! Ин ҷо хонаи очаат нест, то пулро кор карда надиҳӣ, ягон ҷо намеравӣ. Зиндаву саломат ба хонаат баргаштан хоҳӣ, аз хати кашидаам намебароӣ, вагарна мурдаатро дар ҳамин мулки мардум зоғу заған мехӯрад...

-Бо шунидани ин суханони Инобатхон дами Парвона дарун зад, зеро хуб медонист, ки дар ин мулки ғарибӣ касе ба доди вай намерасад ва агар зиддият нишон диҳад, дар ҳақиқат ин зани бераҳм метавонад ӯро несту нобуд созад...

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД