Хушбахтона, дар кишвари мо сол то сол ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, махсусан ба ҳунармандон таваҷҷуҳ зиёд шуда истодааст.
Дар ин росто, занону бонувон нақши созгор дошта метавонанд, зеро онҳо ҳунарҳои қадимаи тоҷикро аз модару бибиҳои худ хуб омӯхтаанд. Яке аз ғамхориҳои пайваста ва бешак созанда ин ҷорӣ гардидани гранти президентӣ барои рушди соҳибкории занон мебошад, ки Президенти мамлакат соли 2006 бо мақсади дастгирии занони ҳунарманду соҳибкор таъсис доданд. Ҳар сол то 80 зани ҳунарманду соҳибкор аз 20 то 40 ҳазор сомонӣ метавонанд ба даст оранд ва бо маблағи мазкур ҳунару тиҷорати худро рушд диҳанд.
Мо занони зиёдро медонем, ки маҳз бо кумаки Президенти кишвар тавонистанд ҳам ҳунарашонро ба дигарон омӯзонанд ва ҳам зиндагиашонро беҳтар кунанд. Яке аз чунин бонувон, ки 20 сол инҷониб бо бофтани сабадҳои гуногун машғул аст ва ҳамзамон тарғибгари ҳунарҳои мардумист, Мавлуда Асоева мебошад.
Мо бо эшон доир ба ҳунари сабадбофӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, мушкилоти рушди ин ҳунар, таваҷҷуҳ ба сабад ва ғайраҳо суҳбат кардем, ки фишурдааш манзури хонанда мегардад.
-Одатан ҳунарҳо аз насл ба насл мегузаранд. Оё ҳунари сабадбофии шумо низ чунин аст?
-Бале, модари ман ҳунарманд буд. Пас аз солҳои нооромӣ дар ҷумҳурӣ ба мардум аз ҷониби давлат кумак расонида мешуд, ки асосан маводи озуқавориро ташкил медод. Модарам пешниҳод карданд, ки аз кумакҳои пай дар пай ба мардум, махсусан сокинони деҳот ба ҷуз чанд рӯз шиками онҳоро сер кардан, фоидае нест, балки беҳтар мешавад ба занони деҳот ҳунар омӯзонида шавад. Чун модарам хоҳиши ҳунари сабадбофиро аз худ кардан доштанд, аз масъулин хостанд, ки соҳибкасберо пайдо кунанд, то ки ин ҳунарро ба хоҳишмандон омӯзонад. Ҳамин тавр ҳам шуд, як касро бо номи Зумрат Ҳайдаров пайдо карданд ва ӯ ҳунари сабадбофиро ба модари ман ва чанд зани дигар омӯзонид. Бо гузашти солҳо ин ҳунарро ман низ дар баробари даҳҳо ҳамдеҳаамон аз модарам омӯхтам. Шукр, ки то имрӯз бо ин ҳунар ҳам ба мардум хизмат дорем ва ҳам зиндагиамонро пеш бурда истодаем.
-Тавре хабар ёфтем, шумо яке аз гирандагони гранти президентӣ барои занони соҳибкор ҳастед. Чӣ гуна фаҳмидед, ки чунин имконият вуҷуд дорад?
-Азбаски мо дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва намоишӣ хеле зиёд иштирок мекунем, аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки хуб мешавад маҳсулотро зиёд кунем. Чун мушкили мавҷударо, яъне набудани шароитро гуфтем, онҳо хабар доданд, ки барои дастгирии рушди соҳибкории занон гранти президентӣ мавҷуд аст ва метавонем дар озмуни мазкур иштирок кунем. Дар озмун иштирок кардем ва ғолиб шудем.
-Чанд ҳазор сомонӣ ба шумо доданд ва кадом мушкилотро бо он маблағ ҳал кардед?
- Дар озмуни гранти президентӣ соҳиби 20 ҳазор сомонӣ шудем ва бо он як қатор норасоиҳоро бартараф кардем. Чун кори мо бештар бо чӯб аст, табар, табақҳои сафолӣ, печка барои ҷӯшонидани чӯб, “ванна” барои чӯбҳои ҷӯшидаро нигоҳ доштан, ҷевон барои сабадҳои омодаро гузоштан, ранг ва ғайраҳоро гирифтем. Ин камбудиҳоро бартараф кардем ва корамон хеле беҳтар шуд.
- Сабадҳои шумо танҳо аз чӯб ҳастанд?
- Не, дар баробари чӯб мо ҳамчунин аз хаси гандум ҳам сабадҳои гуногун месозем.
- Дар бозори “Меҳргон” баъзе сабадҳоеро мебинем, ки дар дарунашон меваҳои хушк мефурӯшанд. Оё шумо ҳам чунин сабадчаҳо месозед?
- Ҳамон сабадҳое, ки шумо гуфтед, аз мо ҳастанд. Мо онҳоро мебофем ва инак, се сол мешавад чунин сабадҳои якбор истифодашавандаро сохта мефурӯшем. Асосан, чунин меваҳои хушк ва сабадҳоро сайёҳон харидорӣ мекунанд.
- Онҳо чанд сомонӣ ҳастанд?
- Вобаста ба сифат аз 5 то 15 сомонӣ аст.
- Сабадҳои чӯбиатон чанд сомонианд?
- Сабадҳои чӯбиамон ду хел ҳастанд: бо чӯби бе пӯсту ҷӯшида ва бо пӯст. Аввалиҳо беҳтаранд ва нархҳо низ фарқ мекунанд. Масалан, сабадҳои сурхе, ки пӯсти чӯбро намегирем, вобаста ба ҳаҷм аз 10 то 100 сомонӣ арзиш доранд. Сабадҳои сафеде, ки пӯсти чӯбро мегирем ва меҷӯшонем, вобаста ба ҳаҷм аз 30 то 150 сомонӣ арзиш доранд.
- Сабадҳои шуморо асосан барои чӣ истифода мебаранд?
-Дар умум то чанд соли пеш мардуми мо дар бораи истифодаи сабад маълумоти кам доштанд ва мо мефаҳмонидем, ки кадом вақт метавонанд онро истифода кунанд. Аммо ҳоло онҳо ба мо маслиҳат медиҳанд. Дар сабадҳо нон, қурут ва бисёр чизҳоро гирифтан мумкин аст.
- То чанд кило борро мебардоранд?
- Аз 5 то 10 килоро мебардоранд.
- Сабадҳои чӯбиатон чанд муддат хизмат мекунанд?
- Албатта, гап сари чӣ гуна истифода бурдани онҳо меравад. Агар истифодабаранда онро хуб нигоҳубин кунад, 20-30 сол ҳам хизмат мекунанд сабадҳои мо.
- Сабадҳое, ки бо хаси гандум месозед, барои чӣ истифода мешаванд?
- Чунин сабадҳо албатта, вазни камро бардошта метавонанд. Дар онҳо донагӣ, риштаву сӯзан ва умуман ашёҳои сабукро гирифтан мумкин аст.
- Чӯб ё хас аз куҷо меёбед?
- Мо замини хоҷагии деҳқонӣ дорем ва ҳамонҷо ҳам масъалаи чӯб ва ҳам хаси гандумро ҳал мекунем.
- Таваҷҷуҳи мардум чӣ гуна аст?
- Бешак метавон гуфт, ки таваҷҷуҳи мардум ба ин ҳунар ва сабадҳо сол аз сол хеле зиёд шуда истодааст.
- Умуман дар куҷо ба фурӯш мебароред сабадҳоятонро?
- Дар бозори “Меҳргон” ва баъзе намоишгоҳҳои фарҳангӣ.
- Як сабадро дар чанд муддат мебофед?
- Агар сабадҳои якбор истофодашударо гӯед, дар як рӯз то 10 то ҳам бофтан мумкин аст. Сабадҳои чӯбии калонро бошад, дар 2-3 рӯз мебофем.
- Касбатонро ба дигарон меомӯзонед?
- Албатта, дар курсҳои махсус дар чанд шаҳру навоҳӣ омӯзонидаам ва ҳар нафаре, ки ҳоло ҳам хоҳад, меомӯзонам.
- Чанд сол шуд бо ин касб машғулед?
- Имсол соли 20-ум аст, ки бо ин ҳунар рӯзгорро пеш мебарам.
- Ҳунар доштан барои зан то кадом андоза муҳим аст?
- Ҳунар доштан, махсусан барои зан ин муҳтоҷ набудан аст, василаи зиндагиро пеш бурдан аст.
- Ташаккур барои суҳбат.
- Саломат бошед.