Дар китоби “Фиқҳи Ислом” ва “Мухтасари Саҳеҳи Бухорӣ” гуфта шудааст, ки маитро зиёд доштан ҷоиз нест ва ҷаноза бояд тез хонда шавад. Аммо имомхатибҳои мо маитро аз ним соат зиёд дошта, вазъ мегӯянд. Оё ин дуруст аст?
Амрулло, ш. Хуҷанд
Амри маъруф ва мавъизаҳои дурудароз дар ҷаноза мумкин нест. Қаблан ҳам Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки қабл аз намози ҷаноза амри маъруф гузошта нашавад. Як масъули Шӯрои уламо ба мо гуфт, дар ин маврид ба ҳамаи имом-хатибон дар саросари масҷидҳои кишвар дастур дода шудааст. Ӯ афзуд, танҳо намози ҷаноза бояд баргузор шавад ва амри маъруф, ки тибқи шариат “мурдаро азоб медиҳад” бояд гузошта нашавад.
"Болои майит бисёр амри маъруф мекунанд, ки ин аз нигоҳи шариати Ислом дуруст нест. Муфтӣ ҳам доим такрор мекунанд, ки майит худаш мавъизаи сокит аст ва дар болои он иловатан мавъиза кардан дуруст нест.
Касе, ки ба инобат мегирад ё намегирад, кори худаш аст",- мегӯянд аз Кумитаи дин. Бинобар ин, беҳтар аст, ки мавъазаи ҷаноза хеле кам ва ихчам бошад.