Ҳаҷми гардиши мол дар соли 2023 байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 1,1 млрд долларро ташкил дода, Қазоқистон дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 ҷойи 4-умро ишғол менамояд.
Ин нукта зимни ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр зикр гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти иродаи сиёсии Сарони ҳарду давлат беш аз пеш густариш ёфта, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 92 ширкати қазоқистонӣ фаъолият дошта, дар давраи 10 соли охир аз ҷониби онҳо 45,0 млн доллар сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст.
Зикр шуд, ки байни Тоҷикистон ва Қазоқистон имконияти зиёди иқтисодию сармоягузорӣ вуҷуд дорад, ки истифодаи самараноки он ба манфиати рушду пешрафти ҳарду давлат аст.
Инчунин, дар ҷаласаи мазкур вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва фаъолияти бонкӣ, нақлиёт, обу энергетика, кишоварзӣ, гумрук, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуда, ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳарчи бештар тақвият додани ҳамкории судманди иқтисодию тиҷоратӣ иброз намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Комиссия ба мақомоти давлатии ҳарду ҷониб барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши гардиши савдои дуҷониба дастуру супоришҳо дода шуданд.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон дар ин ҷаласа зикр гардидааст, ки сафари давлатии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар моҳи августи соли ҷорӣ, бешубҳа, барои тақвият ёфтани муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба дар ҳамаи самтҳо мусоидат хоҳад кард.