Ҳафтаи "Бозёфт", ки дар асоси фармоиши дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷараён дорад, дар ноҳияи Спитамен шукуҳу шаҳомати хоса касб кардааст.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, шумораи ниҳоят зиёди довталабон, ки хостори фарогир шудан дар маҳфилҳои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Спитамен мебошанд, масъулини баргузории Ҳафтаро водор кардаанд, то барои фанҳои алоҳида Рӯзҳои алоҳидаи дарҳои кушод ташкил намоянд.
- Имрӯз, 17уми сентябр рӯзи бақайдгирии довталабони маҳфилҳои забонҳои хориҷӣ - русӣ ва англисӣ муайян шудааст. Роҳбарони маҳфилҳо ва омӯзгорон бо усули махсуси педагогӣ - суҳбат ва интервюгирӣ сатҳи лаёқатмандии хонандагонро муайян намуда, онҳоро вобаста ба сатҳи рушд дар маҳфилҳо сабти ном мекунанд,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Спитамен фавқулода буда, дар соли таҳсили 2023-2024-ум 55 нафар хонанда дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида, 3 нафар синфи 11-ро бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ ва медали тило хатм намудаанд.