Ҳафтаи равон бо ду ҳунарманди маҳбубу мардумии Тоҷикистон Марям Исоева ва Мастона Эргашева вохӯрдам.
Маълум шуд, ки ин ду устоди санъати тоҷик барои мухлисонашон армуғоне доранд.
Марям Исоева: Аз бекор Худо безор!
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Марям Исоеваро беҳуда “модари саҳна” намегӯянд. Дар давоми беш аз 60 соле, ки рӯйи саҳна аст, беш аз 100 нақши бузург офаридааст, ки аксари он симои модаронанд.
“Тақдири ман чунин будааст, ки режиссёрон аз ҷавонӣ нақшҳои бузургро ба ман бовар мекарданд. Ҳамин аст, ки офаридани симои занони Шарқу Ғарб дар асарҳои бузурги ҷаҳониву миллӣ насиби ман мешуд. Ман аз сарнавиштии ҳунарии хеш розиям!”-мегӯяд, устоди саҳна.
Марям Исоева дар айёми ҷавонӣ бештар нақши занони Ғарбро аз асарҳои классикаи ҷаҳонӣ офаридааст. Эмиля аз “Отелло”, Капулетти – модари Ҷулетта дар “Ромео ва Ҷулетта”, Гертруда – модари Ҳамлет дар “Ҳамлет”-и Уилям Шекспир, Клея – зани файласуф Ксанф дар “Эзоп”-и Фигерейдо, Малика Иокаста – зани Эдип дар “Шоҳ Эдип”-и Софокл, Медея – зани Ясон дар “Медея”-и Еврипид ва ғ. шоҳкориҳои ӯ дар саҳнаи тоҷик ҳастанд.
Вале баъдан, ба ӯ муяссар шуд, ки симои зани тоҷикро бо маҳорати баланд офарад. Бонушоҳ аз “Фарёди ишқ”-и Ғанӣ Абдулло, Ҳоҷиона аз “Бой ва хизматгор”-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Нетайхон аз “Садо аз тобут”-и Абдуллоҳи Қаҳҳор, Лайло аз “Лайлат-ул-қадр”-и Юсуф Акобиров – Лайло, модар аз “Дили модар”-и Рамазон Раҳимзода Мавҷуда аз “Иродаи зан”-и Аъзам Сидқӣ, Ҳилол аз “Ҳукми модар”-и Ғанӣ Абдулло ӯро байни мухлисон маҳбубу маъруф намудаанд.
Марям Исоева имрӯз тимсоли модари тоҷик дар саҳнаи ҳунар аст. Гарчанде синну соли ҳунарпеша аз 85 гузашта бошад ҳам, ӯ ҳанӯз ҳам дар ҷустуҷӯйи эҷодӣ аст.
“Афсӯс, ки солҳои охир дар театр ба ман нақши мувофиқ намедиҳанд. Банда ҳанӯз ҳам энержӣ барои кор карданро дорам. Шукр, ки солҳои охир дар филмҳо ва клипҳо нақш мебозам ва дар телевизион пайваста баромад мекунам, вале саҳнаи театр дигар аст... Аз бекор Худо безор мегӯянд, ман ҳам бекор нестам, дар сабтҳои мухталиф ширкат мекунам, дар Донишкадаи санъат ба донишҷӯён дарс мегӯям ва китоб менависам” -мегӯяд, актриса.
Мастона Эргашева:
Ман аввал актриса будам!
Пайванди Мастона Эргашева бо Марям Исоева бесабаб нест. Кам касон медонанд, ки ин сарояндаи маҳбуб дар ибтидо актриса буд.
Мастона Эргашева зодаи ноҳияи Қумсангир аст. Аз даврони наврасӣ ба ҳунар дил баста, ҳамчун сароянда ном баровард. Вақте соли 1967 ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо омад, ӯро ба шуъбаи сарояндагӣ қабул накарданд.
“Чун ман ӯзбекзабон ҳастам, дар комиссияи қабул устодон маро гӯш карда, гуфтанд: “Шумо истеъдоди баланди сарояндагӣ доред, вале дар талаффузи калимаҳои тоҷикӣ азоб мекашед. Бинобар ин, мо шуморо ба шуъбаи актёрӣ қабул мекунем. Дар он ҷо ҳам сурудхониро меомӯзед, ҳам маҳорати актёрӣ мехонед ва аз ҳама муҳим дар дарси нутқи саҳна маҳорати суханвариро аз худ менамоед. Ана баъд суруд мехонед.”
Ҳамин тавр ҳам шуд. Мастона Эргашева донишҷӯйи шуъбаи актёрӣ шуда, аз устодони ҳунар Аслӣ Бурҳонов, Марям Исоева ва Тӯрахон Аҳмадхонов дарси ҳунар омӯхт. Дар замони донишҷӯйӣ дар чанд спектакл нақш офарид. Аз ҷумла, нақши Нурхонро аз намоиши “Нурхон” -и Комил Яшин дар таҳияи Аслӣ Бурҳонов ва Хиромон-холаро аз “Лӯлидухтар” -и Тӯрахон Аҳмадхонов бо маҳорати баланд иҷро кард. Махсусан, иҷрои нақши лӯлизанро тамошо карда, устодони ҳунар аз зуҳури як актрисаи боистеъдод хушҳол мешуданд.
“Вале меҳри сарояндагӣ маро ором нагузошту ба гуруҳи консертӣ ҳамроҳ шудам ва сарнавишти хешро ба ҳунари сарояндагӣ бахшидам!” -мегӯяд Мастона Эргашева.
Ҳамин тавр, Мастона Эргашева дар санъати тоҷик ҳамчун сарояндаи мумтоз, оҳангсоз ва мақомсарои беназир ба пояи устодӣ расид.
“Имрӯз ҳам эҷод мекунам ва дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон дарс мегӯям” – мегӯяд Мастона Эргашева.
“Модарнома” -и устоду шогирд
- Рӯзе бо Мастона во хӯрдаму ба сарам як идея омад. Гуфтам чӣ мешавад, ки мо устоду шогирд як барномаи ҳунарӣ омода карда, ба мухлисонамон ҳадя кунем. Ҳамин тавр, ба хулоса омадем, ки барои модарон “Модарнома” таҳия намоем, - мегӯяд, Марям Исоева.
-Ин “Модарнома” аз чӣ иборат хоҳад буд? – суол мекунам аз ҳунармандон.
-Ман нақш бозӣ намекунам, суруд мехонам, - зуд посух медиҳад, Мастона Эргашева.
-Банда дар васфи зан модар монологҳо мехонам, аз спектаклҳои қаблан иҷрокардаам порчаҳо иҷро мекунам ва дар байн Мастона суруд мехонад. Байни монологҳо, саҳнаҳо ва сурудҳо як пайванди мантиқӣ ҳаст, ки дар он бузургии зан-модари тоҷик васф мешавад, - мегӯяд Марям Исоева.
Сенарияи ин барномаи ҳунариро аллакай Марям Исоева навиштааст, зеро ӯ дар ин кор таҷриба дорад. Онро худи ҳунармандон ба саҳна мегузоранд.
-Мо мехоҳем, ки дар арафаи идҳои баҳорӣ барои мухлисонамон, барои модарон як барномаи ҷолибу хотирмон таҳия кунем, - мегӯяд Мастона Эргашева ва Марям Исоева илова мекунад:
-Мо ният дорем, ки “Модарнома” -амонро ба саросари Тоҷикистон барем ва бо мухлисонамон дар ҳамаи гӯшаҳои кишвар рӯ ба рӯ шавем.
Мо ба устодони санъат барор мехоҳем ва интизори ин барномаи ҷолиб хоҳем буд!
Одил