Arzon march 2024
МАСТӢ ЯКЕРО БА БЕМОРХОНА ВА ДИГАРЕРО БА ЗИНДОН БУРД
2466


Аҷаб замоне шуд, эҳсоси раҳму шавқат тухми анқо шуда, мардум рӯз то рӯз бештар аз кӯчаи одамгарӣ мебароянд. Таҳлили ҳодисоти охир нишон медиҳад, ки таҷовуз ба номуси занону духтарону кӯдакон, куштор ва занозанӣ имрӯз як амали маъмулӣ гаштааст.

Ҳодисае, ки дар маҳаллаи Саховати шаҳри Душанбе рӯй дод, бори дигар аз афзудани ҳисси ваҳшоният ва гум шудани эҳсоси одамгарӣ дар вуҷуди иддае аз ҳамзамонони мо дарак медиҳад...

Дирӯз, тахминан соатҳои 18.00-и бегоҳ дар кӯчаи Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт, дар рӯ ба рӯйи ошхонаи “Аминҷон” ду марди тахминан 37-44 сола бо ҳам даст ба гиребон шуданд. Ин ҷанҷоли сарироҳӣ оқибат якеро ба беморхонаву дигариро ба кунҷи зиндон бурд. Тавре, ки маркази матбуоти ВКД хабар додааст, ин мардони муштзӯр Барлосов Муродҷон Урозалиевичи 37-сола, сокини шаҳри Ваҳдат ва Шерхони Эмомалӣ, сокини ноҳияи Фахори Вилояти Хатлон буда, дар ҳолати мастӣ ҷангу ҷанҷол кардаанд. Моҷарои лафзӣ бо кордзанӣ анҷом ёфта, Муродҷон бо олоти халандаю бурранда чанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими Эмомалӣ задааст. Дар натиҷа марди 44-солаи Фархорӣ ҷароҳатҳои ниҳоят вазнини ҷисмонӣ бардошта ба беморхона интиқол дода шудааст.

Кормандони мақомоти милитсия Барлосов Муродҷон Урозалиевичро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти вазнин ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба шахси дигар дастгир намуданд .
Тафтишоти ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД