Formula novemver 2024
Маслиҳатҳои муфид дар бораи тарбияи кӯдакон
1093

Ҳар як падару модар орзу дорад, ки фарзандаш шахси донишманд ба воя расида, номбардори ӯ гардад, вале тавре ки дар урфият гуфтаанд “Бо асал гуфтан даҳон ширин намешавад”. Барои он ки фарзандони шумо оқилу доно ва соҳибҳунару бомаърифат ба камол бирасанд, аз овони хурдсолӣ бояд ба тарбияи кӯдак диққати ҷиддӣ дод. Имрӯз мо ба шумо дар бораи тарбияи вундеркиндҳои хурдакак чанд маслиҳати муфиди равоншиносони кӯдаконаро пешниҳод менамоем.

1. Рушди интелектуалии кӯдак аз волидон вобастагӣ дорад. Барои он ки фарзанди шумо вундеркинд шавад, аз давраҳои аввали ҳаёт ба тарбияи тифл аҳамияти ҷиддӣ дода, аз синни 3-4 солагӣ кӯдакро ба омӯхтани илму дониш, махсусан ба забономӯзӣ ҷабл намудан лозим аст.

2. Фарзанди худро аз овони кӯдакӣ ба кружокҳои гуногуни варзишӣ, рассомӣ, навозандагӣ, техникӣ ва ғайра дода, шумо барои ояндаи дурахшони ӯ замина мегузоред.

3. Хоҳед, ки фарзанди шумо донояк шавад, ҳамроҳаш ҳарчи бештар суҳбат намоед

4. Ҳар як қадами кӯдакро дар зери назорат гирифта ба ӯ фишор наоред. Имкон диҳед, ки аз овони хурдӣ мустақилона қарор қабул карданро ёд гирад.

5. Ба ҳеҷ ваҷҳ фарзандатонро назанед. Зӯроварии ҷисмонӣ кӯдакро тарсу месозад ва минбаъд вай наметавонад барои пайдо кардани ҷою мақоми худ дар ҷомеъа талош намояд.

6. Танҳо дарс тайёр кардан ҳамроҳи кӯдак кам аст. Бо кӯдак аз рӯйи методикаи рушди бармаҳал кор кунед. Барои он ки фарзанди шумо вундеркинд шавад, бояд ҳамеша барои пешравӣ ба ӯ ёрӣ расонед.

7. Дар кӯдак ҳисси боварӣ ба худро тарбият намоед. Танҳо онҳое дар зиндагӣ ба қуллаҳои баланд мерасанд, ки иродаи мустаҳкам доранд.

8. Барои рушди ақлонӣ кӯдак бояд ғизоҳои сервитамин истеъмол намояд. Моҳӣ, хӯрокҳои ширӣ, гӯшти камравған, меваю сабзавот, бодом, чормағз, тухм ва ширинӣ барои рушди майнаи сари кӯдак ёрӣ мерасонанд.

9. Ба дӯстони фарзандатон диққати ҷиддӣ диҳед. Кӯдаки донову қобилиятнок бо нодонхӯҷа дӯст шавад, танбал мешавад.

10.   Кӯшиш кунед, ки барои фарзандатон дӯсти беҳтарин шавед. Танҳо шумо ба кадом намуди илмҳо моил будани зеҳни кӯдакро аниқ намуда, барои интихоби дурусти касб ва комёб гаштан дар ин ё он ҷода ба ҷигарбандатон ёрӣ расонида метавонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД