Arzon march 2024
Маслиҳатҳои муфид ба модароне, ки кӯдакашон ба дизентерия гирифтор аст
916

Салом! Писарчаам ба дизентерия гирифтор шудааст. Чанд рӯз боз тамоман иштиҳо надорад. Таббаш тез-тез баланд шуда, инҷиқӣ мекунад. Беҳолу бемадор аст. Дорӯ медиҳам, вале таъсир накарда истодааст. Мо дар як деҳаи дурдасти кӯҳӣ зиндагӣ мекунем. Мехоҳам кӯдакро ба беморхона барам, вале хушдоманам ба хотирии дурии роҳ иҷозат намедиҳад. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

БИБИНАВРО, аз Муъминобод

Посух:

- Дар аксари оилаҳо шикамравро бемории ҷиддӣ ҳисоб накарда, кӯшиш мекунанд, ки бо додани доруҳои ҳархела ба кӯдак худашон мушкилотро ҳал кунанд, вале ин рафтор тамоман нодуруст аст. Аввалан, ба кӯдакон, махсусан ба тифлакони то сесола бе иҷозати духтур дору додан мумкин нест. Дуюм: диарея ва дезентерия аз нигоҳи аввал чандон бемории ҷиддӣ нанамояд ҳам, оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонад. Аз ҳамин хотир, дар ҳолатҳои зерин ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст:

1. Агар дар баробари шикамрав кӯдак қай мекарда бошад

2. Табби кӯдак баланд шуда, беҳолу бемадор ба назар расад.

3. Шикамрав дар 2-3 рӯз қатъ нагашта, баръакс зиёдтар шавад.

4. Ахлоти кӯдак хунолуд ё парда дошта бошад.

5. Кӯдак дар муддати кӯтоҳ вазнашро аз даст дода, лоғар шавад

6. Дар кӯдак нишонаҳои табларза мушоҳида шаванд.

7. Кӯдак аз ҳуш мерафта бошад.

Дар чунин ҳолатҳо шумо бояд фавран “Ёрии таъҷили”-ро хабардор созед ё мустақилона кӯдакро ба наздиктарин беморхонаи кӯдакона баред, зеро хатари беобшавии организми кӯдак вуҷуд дорад, ки оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД