arzon replenishment
Маслиҳати зангирӣ
22.03.2022
Оила
2812

 

Ҷӯраҳо нишаста маслиҳати интихоби ҳамсар мекунанд. Якумӣ мегӯяд:

-Иншооллоҳ зане мегирам, ки телефон, смартфон ва ба инҳо монанд бурду балои тамосгирӣ надошта бошад.

Дуюмӣ мегӯяд:

-Мехоҳам духтареро ба занӣ гирам, ки аз интернет бехабар бошад.

Навбат ба сеюмӣ мерасад, аммо вай ғарқи хаёл, фаромӯш мекунад, ки ӯ ҳам бояд чизе бигӯяд, орзу кунад.

Ҷӯраҳо оромии дӯсташонро дида гумон мекунанд, ки вай тамоман зан гирифтанӣ нест, тамасхуромез мепурсанд:

-Чӣ, шоирона хаёл карда мешинӣ? Зан намегирӣ ё ба чӣ гуфтанат ҳайронӣ?

Хаёлбек (сеюмӣ) сурфаю тахтаи хаёлҳои дурударозашро ҷамъ карда мегӯяд:

Ман зане мегирам, ки ҳама чиз дошта бошад, аммо забон не!

 

Армон

Дугонаҳо ба ҳам суҳбат мекарданд. Яке ғамгинона гуфт:

-Дилам хеле зиқ аст. Имсол мактабро хатм мекунам.

Дугонааш аз хафагии ӯ мутаҳайир мешавад, охир ин духтар ба дарсҳо бо азобе мерафт, гоҳо дарс ба охир нарасида, сумкаашро ба китфаш карда менишаст, ки ҳарчӣ зудтар садои занг баланд шаваду ба хонаашон равад. Билохир тоқаташ тоқ шуда пурсид:

-Ростӣ маро ҳайрон кардӣ. О, охир ту дарсро бад медидӣ-ку! Пас аз чӣ ғамгинӣ?

Рост, дарсро бад медидам, аммо кай ба ту гуфтам, ки занги баромадро ганда мебинам?

Аз ин посухи ӯ дугонааш ангушти ҳайрат газида монд.

Моҷаро

Зану шавҳар шабу рӯз моҷаро мекарданд. Ин ҳол фарзанди онҳоро хеле ба танг оварда буд. Ниҳоят рӯзе аз падараш пурсид:

-Дадо, кай як бор дар хонадони мо ҳам сулҳу оромӣ мешавад?

Падар гуфт:

-Ҳар гоҳ аз ин хонадон аспи чӯбин модаратро барад, ҳанӯз тобуташ аз дар набаромада оромӣ ба хонаамон медарояд.

       Қоматбаландӣ

Духтари қадпаст аз духтур мепурсад:

-Барои афзоиши қад чӣ кор карданам даркор духтурҷон? Пастии қадам маро ғам медиҳад. Илтимос, ягон роҳаш бошад, гӯед.

Духтур ба духтар бодиққат нигариста мегӯяд:

Ин мушкил нест. Ҳамин макасинкаҳои дар поятон бударо ба туфлӣ иваз мекунед, муаммо ҳал!

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД