Formula novemver 2024
Маслиҳати солинавӣ: Онро дар куҷо гузаронем?
1029

Дар ҷомеаи сунатии тоҷикон муносибати ҳар оила оид ба гузаронидан ва ё ҷашн нагирифтани иди соли нав гуногун аст. Баъзеҳо барои ин ид ҳафтаҳо тайёрӣ мебинанд, баъзеи дигар ҳатто намегузоранд, ки номи ин ид дар хонаашон гуфта шавад. Ин ақида албатта ба тарбияи эстетикии ҳар хонадон вобастагӣ дорад. Аммо мо инҷо идеро баррасӣ менамоем, ки соли сипаригаштаро падруд мегуянду соли навро пешвоз мегиранд. Ба ҳеҷ кадом дин ва ё равияҳои дигар дахолат наменамоем.

Албатта ҳар нафар ақидаи худро дорад ва тарзи қабулнамоии ин рӯзро ҳаргуна мефаҳмад ва ба ин тариқ тарзи қайд намоӣ ҳам гуногун аст. Мо инҷо якчанд мисолҳоеро меорем то барои шумо идеияи гузаронидани иди соли нав ва хотирмон будани он бароятон пайдо шавад.

Иди оилавӣ

Қисми зиёди мардон тарафдори ба тарзи дар оила гузаронидани ин ид ҳастанд. Яъне танҳо хонавода ва сари дастархони хонаводагӣ. Ба якдигар туҳфаҳо медиҳаҳанд ва хурсандашон месозанд. Кадбонуи хона зиёфатҳои шоҳона омода менамояд ва дастархон оро медиҳад. Кӯдаконро ҳам ба қадри имкон либоси тозаву нав мепӯшонанд ва дар хона фазои идона ташкил менамоянд. Албатта бо мусоид будани обу ҳаво метавон аҳли хонаро ба мошин савор карду ба ҷое тамошо бурд ва ё дар ошхона ё макони зебои дигар сароҷамъ нишинанду идро қайд намоянд. Агар дар марказ бошад пас ба кӯдакон имкон даст медиҳад, ки оташбозии шаби солинавиро тамошо намоянд. Барояшон хотирмон хоҳад буд.

Бо дӯстон

Агар бо дӯстон маслиҳат намоед, ки идро якҷо қайд менамоеду барои он нақша кашидаед пас ин амал низ барои зебо ва хотирмон гузаштани ид бароятон хуб аст. Ин гуруҳ метавонад ҷамъи ҳамсинфон ва ё ҳамкурс ё ҳамкор бошанд. Аз ҳама беҳ барои шумо он аст, ки аз ин гуруҳҳои номбаршуда бароятон бештар наздику қарин бошанд. Чун соли навро чигунае оғоз намоӣ ҳамон тавр мегузарад. Мисли оғози рӯз аст. Агар бо таъби болида субҳ аз ҷой бархезед тамоми рӯз хушу хурсанд мемонед ва ё баръакс. Одатан агар дар ҷое кору фаъолият дошта бошед иди солинавро бо ҳам мегӯзаронед. Ин анъанаи ҳар корхона аст. Аммо чунин идҳо одатан якчанд рӯз пештар гузаронида мешавад ва ба кас имкон медиҳад, ки бо аҳли ҳамкорон идро гузаронеду боз фурсати гузаронидани ид бо аҳли пайвандон низ пайдо шавад.

Аёдати волидон

Гузаронидани иди соли нав дар назди волидон низ варианти хуб аст. Бо бузург шудани хона ва парончак шудани фарзандон, иди соли нав барои айёдати падару модар баҳонаи хуб аст. Як туҳфаи дилхоҳи модару падарро харидорӣ намуда рафта соатҳои охири соли куҳна ва пешвози соли навро дар наздашон гузаронидан анъана бояд бошад. То сутуни хонадон ҳаст онро гиромӣ доштан лозим.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД