Formula novemver 2024
Маскун, халосӣ аз хушунат ё баръакс?
1085



Агар занҳои тоҷик пас аз пош хӯрдани оилаашон ҷои баргаштан надошта бошанд, бо қарори додгоҳ бояд собиқ шавҳараш ба ӯ дар манзилаш ҷой диҳад, ки тибқи қонун инро аслан “маскун” меноманд.

17

Зани маскуншуда маҷбур аст, ки бо фарзандонаш бо собиқ шавҳараш ва аҳли оилаи ӯ зери як бом зиндагӣ кунад. Ҳарчанд ночор келини талоқ шударо қабул кунанд ҳам, хешовандони собиқ шавҳараш баъди маскун шудан бо ҳар роҳ ба зан фишор меоранд, то хонаро тарк кунад. Зиндагии зан агар дар издивоҷ душвор ва даҳшатнок буд, пас аз ҷудо шудану маскун гаштан ба дузахи воқеӣ табдил меёбад...

Алла румянсова Алла Румянсова, тасвиранигори барномаи "Нобаробарии гендерӣ тавассути мусаввараҳо” саҳнаҳои хушунат нисбати занону духтарони тоҷикро, ки пеш аз оиладор шудан, дар муҳити хонаводагӣ ва баъди оиладор шудан дар хонадони шавҳар аз сар гузаронида бо он зиндагӣ мекунанд, дар тасвирҳояш инъикос кардааст.Румянсова маҳсули корашро дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе пешкаши иштирокчиён гардонд.

_56

Мавзӯи ин чорабинӣ дастгирии занон дар самти иқтисодиёт ва бо ин роҳ аз байни бурдани хушунат ва зӯроварӣ дар оила буда, чорабинии мазкур бахшида ба маъракаи “16 рӯз мубориза алайҳи хушунат”, ки то 10 -декабр идома меёбад, бо дастгирии барномаи минтақавии “WAGE” дар Душанбе баргузор гашт.

дили санг

Мушкилии заноне, ки бо хушунат зиндагӣ мекунанд, танҳо мушкили Тоҷикистон набуда, тамоми ҷаҳон барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб кушиш карда истодаанд.

Зан духтаронашро “суннатӣ” кард, то ки...

_57

Зулайхо Усмонова, пажуҳишгари масоили занон дар ин чорабинӣ дар бораи гирифтори хушунат гаштани занон дар ҷомеаи муосир изҳори назар карда, таъкид намуд, ки баъзан новобаст аз он ки зан ду ё се маълумоти олӣ дорад, боз ҳам ба ин ҳолат дучор мегардад.
“ Аксаран дар оилаҳои тоҷик ҳуқуқи занон поймол карда мешавад, масалан ба келин иҷозат намедиҳанд, ки телефон дошта бошад, бо падару модараш бо иҷозати хушдоманаш суҳбат мекунад!”-гуфт мавсуф.

хушик келин
Бубинед, занҳо бояд иқрор шаванд, ки солҳои зиёд зиндагӣ карда, хушунати зиёдро аз тарафи нафароне, ки дар гирду атрофашон буданд, паси сар кардаанд. Баъзан мо, занҳои калонсол аз мавқеи худ истифода бурда, онҳоро чун ғулом истифода мебарем ва озодиашонро маҳдуд мекунем. Бояд занҳои собиқадор доир ба ин амалу рафтори худ андеша намонд. Аз ҳама кори мушкил иваз кардани рафтори хеш ва худро тағйир додан аст.

Ҷои пӯшида нест, ки имрӯз 26 давлати ҷаҳон суннати кардани занонро қабул кардаанд ва духтароне, ки ин корро анҷом намедиҳанд, онҳо духтарони ифлос маҳсуб меёбанд. Яке аз нуқтаҳои хеле даҳшатоварро мехоҳам ин ҷо қайд кунам, зане, ки худаш соҳиби ду маълумоти олӣ буда, дар Лондон зиндагӣ мекунад, духтаронашро ба Инданезия бурда, онҳоро “сунатӣ” (обрезание) кардааст, то ки ба ягон кори ноҷо даст зананд. Ин ҳам як далели поймол намудани ҳуқуқи духтарон ва зери хушунат қарор доштани онҳост.

Сангҳои дарё шоҳиди фоҷеаи занҳост

3a

Боиси нигаронист, ки солҳои охир ҳодисаҳои худкушӣ авҷ гиирфта, занон худро бо фарзандонашон ба об партофта аз байн мебаранд, ки ин бисёр риққатовар аст.

номаи ман буд

Алла Румянсова дар яке аз мусаввараҳояш ин саҳнаро тасвир намуда онро "Номи ман буд..." унвон кардааст. Муаллиф дар мусаввараҳояш дарди дили занҳоро дар шакли номаҳои охирини занони ҷабрдида дар зери санг инъикос намудааст.
“Садҳо зан дар Тоҷикистон худро ба дарё партофта ва бо ин роҳ худкушӣ карданд. Саргузаштҳои онҳоро танҳо сангҳои дарё — шоҳидони ногаҳонии фоҷиаҳои занҳои бадбахт ва посбони суханони охирини онҳо нигоҳ медоранд” ишора кардааст Алла.

оооо

Хушунати занон дар тасвирҳои Алла
Дар як мусавварааш ӯ саҳнаи чӣ гуна исён кардани зани аввалро баъд аз хабардор шудан аз зани дуюм гирифтани шавҳараш ба қалам дода, чи тавр аз ҷониби шавҳар лату кӯб шудан ва дар натиҷаи ин зарбаҳои ҷонкоҳ дар беморхона ба ҳалокат расидани занро тасвир намудааст.

111

14

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД