Arzon march 2024
Масҷидҳои Русия барои табобати Шаҳноза пул ҷамъ мекунанд, вале...
950


Дар шаҳри Екатеринбурги Русия барои табобати як духтараки тоҷик бо исми Шаҳноза, ки бар асари сар задани сӯхтор ҳудуди 50%-и баданаш сӯхта, дар ҳолати вазнин қарор дорад, пул ҷамъ мекунанд.

Аллакай аз ҷониби масҷидҳо ва дигар афроди хайрхоҳ 52 ҳазор рубл ҷамъ шудааст, вале маблағи мазкур барои табобати ин тоҷикдухтар кифоят намекунад.

Аминбек Наврӯзов, падари Шаҳноза гуфтааст, ки духтараш рӯзи 21-уми сентябр бар асари сар задани сӯхтор дар як манзили шахсӣ дар ноҳияи Белоярскии вилояти Свердловск сӯхта, беш аз 50%-и баданаш сахт осеб дидааст ва беш аз як моҳ боз дар беморхона дар шӯъбаи эҳё қарор дорад.
Зафар Сайидзода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург зимни сӯҳбат бо Азия-плюс назарашро доир ба ин масъала баён намуда, қайд кардааст, ки аллакай 4 масҷиди шаҳри Екатеринбург бо мақсади кӯмак дар табобати ин духтараки тоҷик маблағи хайрия ҷамъ карда ба дасти падараш Аминбек Наврузов супурдаанд, бар замми ин, ҷамъияти тоҷикон, ки аъзоёни он асосан зодагони Масчоҳи кӯҳӣ мебошанд, ба ин оила дасти ёрӣ дароз намуда, ҳудуди 50 ҳазор рубл хайр кардаанд.
Ҳолати Шаҳноза андаке беҳтар шуда, акнун дастонашро каму беш ҷунбонда метавонад, вале табибон ӯро то ҳол дар шӯъбаи эҳёгарӣ нигоҳ медеоранд, зеро ба ҷони бемор ҳанӯз хатар таҳдид мекунад ва барои комилан шифо ёфтанаш вақт, маблағ ва табобати ҳаматарафа лозим аст. Табибонро махсусан таб кардани Шаҳноза ва тез-тез баланд шудани ҳарорати баданаш ба ташвиш овардааст.
Манбаъ мегӯяд, намояндагони ҷамъияти тоҷикон, ки дар байнашон табибони касбӣ низ ҳастанд, бо табибони рус пайваста дар алоқа буда, рафти табобати ин духтараки тоҷикро зери назорат гирифтаанд, зеро бар асари сӯхтор бештар шуш ва роҳҳои нафаси Шаҳноза осеб дида, ин ҳолат барои саломатиаш хеле хатарнок мебошад.
Ёдрас мешавем, ки сӯхтор 21-уми сентябр шабона дар як манзили шахсӣ, ки ба сифати гармхона хизмат мекард дар он соҳиби фирма бо 11 нафар кармандонаш зиндагӣ мекарданд, сар зада, бар асари ин ҳодисаи нохуш як марду як зани зодаи Узбекистон ба ҳалокат расид ва се нафар зодагони Тоҷикистонро, ки дар байнашон Шаҳноза низ буд, ба беморхона интиқл доданд. Дар байни осебдидагон ҳолати Шаҳноза аз ҳама вазнинтар буд.
Аз оилаи Аминбек Наврӯзов ба ғайр аз духтараш Шаҳноза боз ду фарзанди дигараш низ дар ин сӯхтор зарар дида буданд, вале ҳолати онҳо нисбатан сабуктар буда, баъди аз беморхона баромадан ҳамроҳи модарашон ба Ватан баргаштанд.
Ҷамъоварии хайрия барои табобати Шаҳноза ҳанӯз идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД