Formula novemver 2024
Машварати ҳуқуқӣ
01.04.2023
Оила
1014

Ба саволҳои хонандагони ҳафтаномаи «Оила» Адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.

Бо шаҳрванди хориҷӣ чӣ гуна никоҳ мебанданд?

Барои бастани ақди никоҳ байни шаҳрванди мамлакати хориҷӣ ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом шартҳо зарур мебошанд? Мамлакат, шаҳри Душанбе.

Пеш аз ҳама бояд қайд намоем, ки барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст. Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд: якум, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир истиқомат намудани шаҳрванди хориҷӣ, дуюм бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД