Машварати миллӣ барои таҳияи Чаҳорчӯби ҳамкории рушди устувор байни СММ ва Ҳукумати ҶТ барои солҳои 2027-2030
08.12.2025
Oila.tj
30

Намояндагии СММ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо машварати миллиро барои муҳокимаи таҳия ва тарҳрезии Чаҳорчӯби ҳамкории СММ оид ба рушди устувор (ЧҲРУ) барои солҳои 2027-2030 баргузор намуд.

2_14

Иштирокчиён натиҷаҳои таҳлили кишварии СММ-ро баррасӣ ва муҳокима намуда, ба масъалаҳои диверсификатсия ва фарогирии иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ, амнияти озуқаворӣ ва кишоварзӣ, устувории муҳити зист, идоракунии самаранок, ҳуқуқи инсон, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва фарогирӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тавсияҳои худро пешниҳод намуданд.

3_11

Дар ифтитоҳ ҷаноби Виктор Олсавски, иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози Доимии СММ, Намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ҳамаи шарикон барои иштироки фаъолона дар баррасии муҳими таҳлили кишварӣ ва афзалиятҳои калидӣ барои ЧҲРУ 2027-2030 изҳори сипос намуд.

Ӯ ҳамчунин иброз намуд: «Ин мулоқот як қадами муҳим дар ташаккули ҳуҷҷати нави чаҳорчӯбии ҳамкории ҶТ ва СММ мебошад. Ҳуҷҷат принсипҳо ва самтҳои асосии ҳамкориро миёни СММ, Ҳукумати ҶТ ва ҳамаи шарикон муайян мекунад, ба афзалиятҳои миллӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор мутобиқ буда, ба принсипи “Ҳеҷ кас дар канор намемонад” такя мекунад».

6_7

Дар суханронии ифтитоҳии худ ҷаноби Ашӯрбой Солеҳзода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо зикр намуд: «Ин машварат дар марҳалаи муҳим барои рушди стратегии Тоҷикистон баргузор мегардад. Якҷоя бо СММ мо арзёбии ҳуҷҷати амалкунандаи ҳамкорӣ ва Таҳлили Кишвариро анҷом додем, ва Ҳукумати ҶТ таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистонро барои солҳои 2026-2030 ба итмом расонид. Чаҳорчӯби нав барои солҳои 2027–2030 пурра ба ин афзалиятҳои миллӣ мутобиқ карда мешавад».

5_13

Дар ҷараёни машварат шарикон даъват карда шуданд, то тавсияҳои худро оид ба афзалиятҳо ва самтҳои ҳамкорӣ бо СММ пешниҳод намоянд, то онҳо дар раванди таҳияи Рамкаи нави ҳамкорӣ, ки фаъолияти низоми СММ-ро дар Тоҷикистон дар чаҳор соли оянда роҳнамоӣ мекунад, ба инобат гирифта шаванд.

4_11

Барои маълумоти муфассал ба Парвиз Бобоев, таҳлилгар оид ба иттилоот ва адвокасия, Дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҶТ тавассути почтаи электронӣ: parviz.boboev@un.org муроҷиат ва аз сомонаи Tajikistan.un.org дидан намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД