Марям Исоеваи 84 сола баъди мубориза бо бемории короно вирус аз беморхона мураххас карда шуд.
Рӯзи 19 июл, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоеваро, дар арафаи иди Қурбон аз беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон мураххас карда шуд.
Тақрибан як моҳ пеш Марям Исоева, ки бо нишонаҳои бемории короновирус бистарӣ буд, ва таҳти назорати табибон ва махсусан профессори кафедраи бемориҳои сироятӣ Раҳмонов Э. Р., сартабиби беморхона Ҳабибзода Х.Х. ва табиби ҷавон Иронов Озар қарор дошт, сарбаландона ба хонаашон гусел карданд.