Arzon march 2024
МАРҶОНАИ ҶОДУГАР Қисми 1
19.03.2024
ОИЛА
1507

Бевазани кӯдакдор бо сеҳру ҷоду бачаи хонаро ба дом афтонд

Падари ин хонадонро дар солҳои 70-уми асри 20 аз маҳали зисташ, бо ким кадом ҷурми нобахшиданӣ бо аҳлу аёл ва ҷулу пӯстакаш ронда буданду омада-омада дар ин диёр сокин шуда монд. Вай дар шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва ҷангали ноҳия ба ҳайси ҷангалбон фаъолият менамуд.

Шукур ном дошт. Оилаи Шукур серфарзанд буд. Бо вуҷуди фақир буданаш Шукур чунон марди маккору айёр буд, ки дар деҳа одами аз ӯ фиреб нахӯрда намонд. Дар қаллобӣ устухон надошт. Мардум ба вай «Шукур-машенник» лақаб монда буданд. Ҳамсараш вафот карду Шукур хору зор шуда монд. Писаронаш ҳама оиладору аз пайи кору зиндагии хеш буданд ва ба падари пирашон чандон аҳамият намедоданд. Ягона такягоҳи мӯйсафед духтараш Марҷона буд, вале баъди чанде вай ҳам ба шавҳар баромада, хонаи падарро тарк гуфт. Акнун мӯйсафеди Шукур мисли чуғз дар вайрона тани танҳо монда, рӯзҳоро бо оби дида бегоҳ мекард. Касе аз дараш намедаромад. Фиребгарию каждумзабониаш мардумро аз ӯ гурезон карда буд. Ҳамин тавр, дар кунҷи танҳоӣ бо садҳо аламу хорӣ аз дунё гузашт «Шукур-машенник».

Аз дузд дузд мерӯяд

Марҷона натавонист бо шавҳараш Ҳабиб созиш намояд. Духтар ба падараш рафта, ҳамеша дурӯғ мегуфту аҳли оиларо бо ҳамдигар ҷанг меандохт. Дасташ қалб буд, чашми хушдоману хоҳаршӯй ва авсунҳояшро хато карда, зару зеварашонро медуздид. Чанд маротиба ҳангоми дуздӣ ба даст афтид. Хушдоманаш борҳо насиҳат кард, ки ин одати бадашро партояд, вале ислоҳ нашуд. Ниҳоят шавҳараш талоқашро доду Марҷона духтарчаи дусолааш Робия дар дасташ хонавайрон шуда, ба хонаашон баргашт.

Макри янга

Баргаштани Марҷона ба бародару янгаҳояш нафорид. Янгаи дуввумаш Рухсора, ки беҳунару бесавод будани Марҷонаро хуб медонист, дар фикри он афтид, ки чӣ тавр аз хоҳаршӯяш манфиат ба даст орад. «Чаро мо бояд ин беваро бо сағерааш хӯронему пӯшонем? Аз дасташ ягон кори дигар наояд ҳам, ҳусну ҷамол дорад-ку! Ҷавонии Марҷонаро ба савдо гузошта, пули муфт ба даст овардан мумкин аст»,- бо ҳамин андешаҳо Рухсора дар ҷустуҷӯйи сайд афтид. Тамоми ҷавонони деҳаро як-як пеши рӯ оварда, аз байнашон Фарҳодро интихоб намуд, чунки вай мағоза дошту серпул буд. Фарҳод дар хурдӣ аз падару модар ятим монда бошад ҳам, бачаи кордон буд ва пас аз хатми Донишгоҳи аграрӣ дар шаҳр ба тиҷорат машғул шуда ба қавле худашро гирифт. Рухсора пайти мувофиқ меҷуст, то ин ҷавони зебову пулдорро ба дом афтонда, аз ҳисоби хоҳаршӯяш маблағи хуб ба даст орад. Рӯзе кофта-кофта ба мағозаи Фарҳод рафт ва аз ӯ ба миқдори 50 доллари амрикоӣ қарз пурсид. Фарҳод хотири ҳамдеҳагӣ не нагуфта, корашро буд кард. Рухсора пулро ба муддати як ҳафта қарз гирифта буд, аммо аз байн чанд моҳ гузашту дигар аз ӯ дарак нашуд. Як бегоҳ пас аз шом Фарҳод сӯи хонаи Рухсора равон шуд, то пулашро гирад.

Доми фиреб

Рухсора аввал «надорам», «ҳозир дода наметавонам» гуфта, баҳона карду пасон «ҳаминҷо исто, ман ҳозир меоям» гуфта, ба хонааш даромад. Аз байн 10-15 дақиқа гузашту ҷавонзани маккора рӯймоли сарашро росткунон боз ба назди ҷавон баромада, ӯро ба хона даъват намуд. Фарҳод бо гумони он ки Рухсора пулашро медиҳад, аз паси вай ба меҳмонхона даромад. Аллакай дастурхони пур аз нозу неъматро оро дода буданд ва хоҳаршӯи Рухсора –Марҷона худро орову торо дода, дар сари хон нишаста буд. Рухсора Фарҳодро болои чор қабат кӯрпача шинонду «ман хӯрокро биёрам» гуфта, бадар шуд. Марҷона дар паҳлӯи меҳмон нишаста, бо нозу ишва ӯро ба хӯрдану ошомидани нӯшу неъмати рӯйи дастурхон таклиф намуд. Дере нагузашта Рухсора табоқи гӯшту картошкаи бирённамудаашро бардошта, вориди ҳуҷра шуд. Ҳамсояҳо аз ину он чақ-чақкунон таомро хӯрданду соҳибхона бо баҳонаи ғундоштани дастурхон боз аз хона бадар шуд. Баробари аз дар баромадани янгааш Марҷона ба Фарҳод ҷафстар шуду тугмаҳои халаташро кушодан гирифт. Дили ҷавони муҷаррад бо дидани «дорои»-и ин бевазани соҳибҷамол беқарор гашта, мисли гурги гурусна чанг зада, ин сайди зеборо ба чанг овард. Марҷона аввал каме нозу ишва карда, ӯро андак аз худ тела дод, вале дастони нарми ҷавон муқобилияташро ба зудӣ шикастанд. Акнун Марҷона мисли ширмоҳӣ аз шавқи висол дар оғӯши ҳамсоя печу тоб мехӯрд. Аз бадани ӯ бӯи атру упои хушбӯй омада, оташи шавқи Фарҳодро бештар аланга медод. Марҷонаи ташнаи мард то субҳ чунон моҳирона бо Фарҳод ишқварзӣ намуд, ки ҷавон обу адо шуда, натанҳо пули ба янгааш Рухсора қарз додаашро бахшид, балки боз 100 доллари дигарро ба маҳбубааш ҳадя карда рафт.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД