Formula novemver 2024
Маро ҷоду карданд, оча!
20.07.2024
ОИЛА.ТҶ
5835

Салом. Ман як духтари роҳгумзада ҳастам, ҳамагӣ 20 сол дорам. Ду сол қабл ба ҷавоне ошиқ шуда, орому қарор аз даст додам. Азбаски падар надорам, модарам аз тағйир ёфтани ҳолати ман ба ташвиш афтода, кӯшиш менамуд, ки маро аз дӯстдоштаам ҷудо кунад.

Он шабу рӯз барои чунин кирдораш модарамро чашми дидан надоштам ва барои ба мулоқоти ошиқона рафтан ӯро фиреб мекардаму аз хона мегурехтам.

Модари бечораам то омадани ман аз гиря варам карда, ҷои нишаст намеёфт, вале ба мани ошиқ на гиряҳои зори модар таъсир мекарду на насиҳатҳои апаҳоям. Ба хотири дӯстдоштаам ба ҳама кор қодир будам, донишгоҳро партофтам, пулҳои модарамро дуздида, ба ошиқи почакандаам медодам...

Хулоса, вақте ба худ омадам, ки кор аз кор гузашта буд. Симои аслии дӯстдоштаамро дида, дилам аз ӯ мондааст. Аз он ки сари модарамро паст кардаму ба чунин кори зишт даст задам, сахт пушаймонам, вале оби рехтаро бардошта намешудааст.

Модарам аз ин гап хабардор шуда, ба беморхона афтид. Апаҳоям ба рӯям туф карданд, тамоми хешу ақрабо ба ман лаънат хонданд. Чанд маротиба қасди худкушӣ намудам, вале наздиконам маро наҷот дода, дигар ба ман кордор нестанд.

Ҳоло мурдаи зинда дар гӯр ҳастам, зиндагӣ дигар бароям маъние надорад. Дӯстдоштаам бо духтарони дигар кайфу сафо карда гаштаасту парвои онро надорад, ки ояндаи ман чӣ мешавад.

Мақсад аз нома навиштанам ҳамин аст, ки сарнавишти ман ба дигар духтарон дарси ибрат шаваду мисли ман беақлӣ накунанд.

Аз модарам бахшиш пурсида, гуфтаниям, ки “очаҷон, ман аз кори кардаам сахт пушаймонам, маро ҷоду карда буданд, маро бубахш!”.

С. З.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД