Sebiston new 2024 october
Маро ба суд медиҳанд?
984


Ман дар Русия қарор дорам. Зиёда аз ду моҳ мешавад, ки алимент насупоридаам. Дар мусофират корам барор нагирифт, айни ҳол шароити равон кардани маблағро надорам.

Ба ман занг зада гуфтанд, ки агар ду моҳ алимент насупорам, маро ба суд медиҳанд. Оё аз рӯи қонун муҳлати тамдид кардани алиментсупорӣ имконпазир аст?

Ғиёсов Г, н. Рӯдакӣ.

Тибқи қисми 2 моддаи 115 Кодекси оилаи ҶТ суд ҳуқуқ дорад бо даъвои алиментдиҳанда ӯро пурра ё қисман аз пардохти қарзи алимент озод намояд, агар муқаррар кунад, ки қарз бо сабаби бемории ин шахс ё бо дигар сабабҳои узрнок пардохта нашудааст ва вазъи моддию оилавии ӯ имконият намедиҳад, ки қарзашро пӯшонад.
Мутобиқи қисми 1 моддаи 120 Кодекси оилаи ҶТ 1.

Агар ҳангоми набудани созишномаи тарафҳо оид ба пардохти алимент баъди тибқи тартиби судӣ муқаррар намудани андозаи алимент вазъи моддӣ ва оилавии алиментдиҳанда ё алиментгиранда тағир ёфта бошад, суд ҳуқуқ дорад бо талаби ҳар яки онҳо андозаи муқарраргардидаи алиментро кам кунад ё алиментдиҳандаро аз додани он озод намояд.

Ҳангоми тағйир додани андозаи алимент ё озод кардан аз додани он суд метавонад инчунин ҳар гуна манфиати дигари қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро ба инобат гирад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои давоми 3 моҳ барқасдона саркашӣ кардан аз пардохти алимент, ки дар асоси ҳалномаи суд ситонида мешавад, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Вобаста ба маблағи пардохтнашуда бошад, мумкин аст тариқи судӣ аз қарз озод карда шавад ва ё андозаи алимент кам ё шахс аз додани алимент озод карда шавад. Аммо барои ин сабабҳо қонун пешбинӣ намуда (узрнок), ки ин метавонад аз вазъи оилавӣ, саломатӣ ва ғайра вобаста бошад, асос шуда метавонанд.

Дар ҳолати шумо тавсия дода мешавад, ки маблағи алиментро аз рӯи имкониятҳоятон дар вақташ пардохт намоед. Зеро барои ин ҳам оқибатҳои гражданӣ (қарзи алимент) ва ҳам оқибатҳои ҷиноятӣ (ҷавобгарии ҷиноятӣ) ба вуҷуд омаданаш мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД