Дар аксари ҷойҳо маҳри арӯсро падари духтар мегирад, вале мегӯянд, ки ин нодуруст аст. Баъзеҳо иддао мекунанд, ки маҳр бояд ба тағои арӯс ё бародараш дода шавад, чунки маъмулан онҳо дар никоҳ ҳамчун вакил мешинанд. Мехостам ба ҳамин масъала равшанӣ андозед.
БАҲОВУДДИН, н. Вахш
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Маҳрия ҳақест, ки зан бар мард дорад, яъне ҳаққи зан болои мард аст ва зан молики он аст. Маҳри зан бар ягон кас дода намешавад, ҳатто бар падару модар ва бародари зан, то он вақте ки худи зан, яъне арӯс розигӣ надиҳад.
Худованд дар Қуръони азимушшаън фармудааст, ки маҳрия ҳаққи зан аст, на ин ки мард. Зан, агар бихоҳад, метавонад ҳаққи маҳрияи худро ба шавҳараш мебахшад, агар нахоҳад ҳамчун қарз бар зиммаи шавҳар мемонад ва зан ҳар вақте ки хоҳад, онро аз шавҳараш талаб менамояд.