Чанд шаб шуд, ки пай дар пай мурда хоб мебинам. Як шаб хоб мебинам, ки худам мурдаам, шаби дигар касе аз наздиконам дар хобам аз олам мегузарад ё бо ягон мурда сӯҳбат мекунам.
Мегӯянд, ки хоб як навъ огоҳӣ аз ҷониби Худованд аст. Сахт метарсам, ки ба сари худи ман ё ягон одами наздикам фалокат ё мусибати сахте наояд. Мехоҳам донам, ки маргу мурда дар хоб чӣ таъбир дорад
Муродбек, сокини ш. Панҷакент
Посух
Тарс аз марг, тарс аз рӯзи қиёмат ва тарз аз оташи сӯзони ҷаҳаннам дар дили ҳар як инсон сарфи назар аз синну сол ҷой дорад, аз ҳамин сабаб вақте ягон одами аз олам гузашта ба хобамон медарояд ё хоб мебинем, ки худамон мурдаем, ба таҳлука меафтем, вале дар асл маргу мурда дар хоб чандон фоли бад нест.
Маъмулан одамоне, ки бо ягон сабаб аз зиндагӣ дилсард гаштаанд, чунин хобҳо мебинанд, вале новобаста ба дилгармӣ ба ҳаёт низ инсон метавонад марги худ ва ё одамони наздикашро хоб бинад. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, ки агар шахси ягон мушкили бузург дошта, хоб бинад, ки ҷонаш ба ҷонофарин таслим намуда, мурдааст, мушкиле, ки кайҳо боз ӯро азоб медод, ҳал шуда, нафаси осуда мекашад.
Марг дар хоб метавонад як навъ огоҳӣ аз бевафо ва гузарон будани дунё низ бошад. Хуб аст, агар шахсе, ки марги худро хоб дидааст, барои гуноҳҳои содир намудааш тавба карда, кӯшиш намояд, ки хатоҳои худро ислоҳ кунад ва ба ятимону дармондагон дасти хайру сахо дароз намояд.
Хоб бинед, ки чанд маротиба мурдаед, вале шуморо дубора зинда кардаанд, чандон хуб нест. Пас аз дидани чунин хоб ҳатман чизеро хайр кардан лозим аст.
Дар хобатон шахси аз дунё гузашта табъи болида ва табассум бар лаб дошта бошад, бидонед, ки дар он дунё руҳаш оромиши комил дорад. Одами мусалмон хоб бинад, ки мурдаеро зинда кардааст, касеро ба роҳи рост ҳидоят намуда, савоби зиёд мегирад.