Formula novemver 2024
МАРГИ ШАВҲАР, БЕПАДАРӢ, МАЮБИИ МОДАР ВА БЕКАСИИ МАЛОҲАТ
4230

Ин субҳ ба идораи сомонаи "Оила" Малоҳат ном ҷавонзани 28 сола, ки ба назар хеле фақиру нотавон менамуд, муроҷиат карда, аз ҳаёти сангину пурдардаш қисса кард.

"Тақдир гавҳораҷунбон аст" - беҳуда намегӯянд. Тақдири Малоҳат низ аз азал аз ноумедӣ шуруъ гашта буд. Дар кӯдакияш рӯзе набуд, ки шоҳиди ҷангу моҷарои волидайнаш нагашта бошад. Падараш ҳамеша бо модараш ҷанг мекарду, Малоҳати хурдсол аз як гӯшаи хона манзараи даҳшатборро бо чашмони сараш дида, ашки талх мерехту "Худоҷон тезтар ин рузҳои бадро аз сарамон дур кун"-гӯён даст сӯи Худо мебардошт.

Ҳамин тавр ин кӯдак тайи чанд сол бо ду дасти кӯчакаш чашмонашро мепӯшид, то ашки модарро набинад, аммо гӯшҳояш он садоҳои воҳиманоку алфози қабеҳро дар фазои оилавӣ мешунид.

“Вақте падару модар аз ҳам ҷудо мешаванд, қалби фарзанд мешиканаду аз он сахт андӯҳгин мегардад. Аммо ман баръакс аз рафтани падарам хурсанд шудам. Ӯ моро тарк кард. Оре, зиндагиямон вазнин шуд. Аммо ҳарчанд гурусна будем, ҳам ором будем. Орӣ аз ҷангу ҷанҷол ”,-бо алам қисса намуд Малоҳат.

Бо гузашти рӯзгор нури гармкунандаи офтоб ба рӯи Малоҳат низ расид. Ӯ бо ҷавонписаре хонадор мешавад. Шавҳараш худ азоби дунёоро дидааст, чӣ будани сахтии ҳаётро сарфаҳм мерафт. Аз забони Малоҳат муайян гардид,ки ӯ ҳарчанд падар дошт, вале дарятимхона бавоя расидааст. Баробари фавти модар модари угай ба хонаи шавҳари Малоҳат омада, шавҳараш он вақтҳо дар он хона худро зиёдатӣ ҳис намуда, аз хона баромада меравад.

“Тайи ҳашт сол бо шавҳарам дар фироқи фарзанд месӯхтем. Аммо бо вуҷуди ин ӯ маро тарк намекард. Ҳамроҳ бо шавҳар зиндагӣ карданам ҳар субҳ то бегоҳ борони меҳру муҳаббат ва хушбахтӣ ба сарам мерехт. Худро хушбахттарин зани дунё ҳис мекардам. Он ғаму андӯҳи гузаштаро фаромӯш кардам, танҳо дарди дил мисоли доғи сиёҳ нишонае аз он давраҳо дар ман монда буду тамом.

Пас аз ҳашт соли интизорӣ билохира соҳиби духтарча шудем. Хурсандии шавҳарам, шоҳсутуни хонадонам ҳаду канор надошт. Аз сабабе, ки бемории дил дорам, барои кӯдакам шир додан наметавонам. Шавҳарам шабу рӯз дар сохтмон арақи ҷабин рехта, барои хӯрондану пӯшондан ва пули иҷораро баровардан пул кор мекард. Аммо...”,-гулугир шуда, дигар тавони гап задан надошт Малоҳат.

Пас аз гиряи зиёд ва хушк шудани оби дида, Малоҳат боз ба нақли аламовараш давом дод. “Хушбахтии мани шӯрқисмат дер давом накард. Моҳи июни ҳамин сол дар роҳи 9-ум километр шавҳарамро автомобил зер кард. Ман аз ин ҳодиса бехабар будам. Авал чанд муддат интизор будам. Шояд рӯзе бармегардад. Локин дигар тобу тоқатам тоқ шуду ба хонаи падариаш рафтам. Аз забони он кас фаҳмидам, ки шавҳарам дар садама ҷон бохтааст. Аввал бовар накардам. Баъдан дар беморхона аксҳои даҳшатборро дида, як нолаи ҷонгудози осмонкаф кашидаму аз ҳуш рафтам. Дигар дунё ба назарам торик шуд. Соябону пуштупаноҳамро аз даст додам. Вой Худоееее!”-бо гиря ҳикоя мекард ин ҷавонзани тақдири талхдошта.

Ин зани муштипар ҳолодар кӯчаҳои шаҳр сарсону саргардон аст. Ӯро аз хонаҳои иҷора ҳар бор барои надоштани маблағ меронанд ва ба кӯдакаш шир харидан наметавонад. Ӯро бо чойи сиёҳу оби ҷӯшомадагӣ сер мекунаду халос. Гоҳҳо ҳамсояҳои хайрхоҳ барои кӯдакаш ягон либоси кӯҳнаро хайр мекунанд.

Малоҳат ғайр аз модари маъюб дигар касе надорад. Худаш низ мубталои бемории дил аст ва имконияти кор кардан надорад. Бар зами бемор буданаш боз кӯдаки шашмоҳа дорад, ки касе нигоҳбинии ӯро ба ӯҳда намегирад.
Зиндагии Малоҳатбону бениҳоят сангин аст. Ӯ ночор дар чорроҳаи зиндагӣ дармондааст. Агар касе хоҳад бо Малоҳат дар тамос шавад ва аз ҳолу аҳволи зиндагияш ба кулли огоҳ гардад ва ё дасти кӯмак дароз кардан хоҳад ба рақамҳои дастии ӯ занг бизанад: 980-88-89-23 (Мирзоева Малоҳат)

Сабти видеоӣ бо Малоҳат Мирзоева рӯзҳои наздик дар Ютубканали "Оила" пахш мешавад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД