Ҳангомаи бархурдани автомошинаи «Мерседес-Бенс» бо “Дулан-Шакман”ронандаи он ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Тавре вазорати корҳои джохилии кишвар хабар додааст, ки 23-юми майи соли 2022, тахминан соати 23:00 ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», Музаффар Аминов, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар деҳаи Лолазори ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои автомашинаи “Дулан-Шакман”, ки таҳти идораи ронанда, Вализода Раҳматуллои Хайрулло, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Аминов М.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.