Рӯзҳои охир ҳаво якбора гарм шуда, аз барфу ях ному нишоне намонд, вале ҳамоно дар роҳу шҳроҳҳои кишварамон садамаҳои нақлиётӣ зиёд рӯй медиҳанд. Рӯзе нест, ки бар асари садамаи нақлиётӣ ягон инсони бегуноҳ аз беҳтарин неъмати илоҳӣ-ҷони ширини худ маҳрум нагардад.
Яке аз қурбониёни беэҳтиётии ронандагон Зиёда Довудоваи 66-сола мебошад, ки дар зери чархи мошини боркаш ҷон ба ҷонофарин супурд. Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 2-юми феврал, тахминан соатҳои 10.25 рӯй дод. Ронандаи мошини боркаши тамғаи “Шанхи” Исуфалиев Самариддин, ки сокини шаҳри Данғара мебошад, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи М. Маҳмадалиев аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, пиёдагард Зиёда Довудоваро пахш намуд.
Ин зани солманд захмҳои хуншори зиёд бардошта, дар роҳ ба сӯйи бемористон ҷон дод.