Нависандаи машҳуру беназири тоҷик, Баҳманёр дар синни 66 солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Бинобар гуфтаи наздикони маҳрум, нависандаи маҳбуб бидуни ягон маризӣ ин дунёи фониро падруд гуфт. “Аз ягон беморӣ шикоят ҳам намекарданд. Машғули корҳояшон буданд. Як соати қабл сар ба болин гузоштанду нахестанд”,-бо андӯҳи зиёд шарҳ медиҳад Исфандиёр Аминӣ, писари марҳум.
Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Пас аз хатми мактаби №3 ба номи Надежда Крупскаяи шаҳри Панҷакент Арабзода ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) супурд ва риштаи забони арабии факултаи забонҳои шарқро хатм кардааст.
Пас аз хатми донишгоҳ соли 1977 ба унвони муҳандиси тарҳрез (инжинер-методист) дар Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография машғули кор шуд.
Соли 1981 ба рӯзномаи навтаъсиси “Маданияти Тоҷикистон” ҳамчун рӯзноманигори бахши ҳунар ба кор даъват гардид.
Солҳои 1983 -1985 дар Либия ба ҳайси мутарҷим кор кардааст. Баъди бозгашт дигарбора ба ҳафтаномаи “Маданияти Тоҷикистон” ба кор омад, ки акнун ба “Адабиёт ва санъат” табдили ном карда буд.
Аз соли 1987 то соли 1993 ба унвони мудири бахши насри моҳномаи “Садои шарқ” кор кард. Узви Иттиҳодияи нависандагони СССР аз соли 1987 аст. Бо вуқӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992 – 1997) ба зогоҳаш – шаҳри Панҷакент рафта, сардабири рӯзномаи “Самандар” ва моҳномаи “Дайри муғон” таъйин гардид.
Соли 1997 барои қиссаи “Заринаи Зарнигор”, ки дар моҳномаи мазкур чоп шуда буд, барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ дониста шуд.
Соли 2002 ба Душанбе даъват шуд ва муовини сардабири ягона маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - “Садои Шарқ” - таъин гардид ва то охири умр корманди ин даргоҳ буд.
Муаллифи китобҳои “Ишқи сайёд” (1984), “Аспи обӣ” (соли 1988), “Дуди ҳасрат” (соли 1992), «Сармаддеҳ» (соли 2002), «Сармаддеҳ» (китоби дуюм, соли 2014) ва «Жили-были в Сармаддехе» (Алма-Ато, 2014) мебошад. Соли 1991 дар Душанбе мунтахаби ҳикояҳояш ба забони русӣ бо номи “Песен идушего в петлю” (тарҷумаи Хуршеда Даврондухт) ба чоп расид.
Маҷаллаи “Согласие”-и шаҳри Маскав соли 1995 дар шумораи нахустинаш нӯҳ ҳикояи Баҳманёрро бо пешгуфтори Темур Зулфиқоров чоп кард.
Романи нахустинаш соли 2007 бо номи “Шоҳаншоҳ” дар моҳномаи “Садои шарқ” баъд аз тариқи нашриёти “Истеъдод” манзури хонандагон гашт.
Писараш Исфандиёр Аминӣ мегӯяд, вақтҳои ахир якбора сари ду румон кор мекард, ки яке “Ғӯтях” ном дошт.
Дар бистҷилдаи адабиёти тоҷик, ки нашриёти “Адиб” ба табъ расонд, китобҳояш “Шоҳаншоҳ” ва “Сармаддеҳ” дар як муҷаллад нашр шуданд.
Комиссияи махсуси вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2013” дониста, бо Дипломи дараҷаи аввал ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ кард.
Китобаш “Сармаддеҳ” соли 2015 бо ҳуруфи форсӣ дар Лондони Бритониё ба табъ расид. Ҳикояҳояш ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд.