arzon replenishment
МАРГИ НАБЕРА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ БОБО
7964

Кӯдакон ба назорати доимӣ ниёз доранд, зеро ҳатто як лаҳза бепарвоӣ нисбати тифлакон метавонад боиси сар задани ягон фалокат гардад. Ҳодисаи нохуше, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Кӯшониён сар зад, дар дили як хонавода доғи сӯзоне ниҳод, ки солҳои сол зудуда нахоҳад гашт.

Субҳи 24-уми март дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён фалокае сар зад, ки як хонаро дар ин фасли баҳори сабз сиёҳпӯш гардонд. Латиф Розиқови 60-сола сари чамбараки “Опел-Астра” нишаста, ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ин аспи оҳанин ба сараш мусибати бузургеро хоҳад овард, ки қалбашро хуншор месозад, аммо...

Ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Файзобод Латиф Розиқов набераи хурдакакаш Меҳрона Латифзодаро бо мошин пахш намуд. Духтарчаи маъсум, ки ҳанӯз ҳатто дусола нашуда буд, дар зери чархи чапи мошини бобояш монда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Вақте ки ҷисми бе ҷони кӯдаки ғарқи хунро аз зери мошин берун кашиданд, фиғони аҳли оила ба фалак печид, аммо кор аз кор гузаштаву тақдири талхро дигар тадбир карда намешуд...

Мо аз тамоми ронандагон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми сари чанбарак нишастан ниҳоят эҳтиёткор бошанд, то ки боиси сар задани чунин фалокатҳои хунин нагарданд. Волидон, махсусан модаронро низ зарур аст, ки фарзандонашон, махсусан тифлакони хурдсолро ҳатто як лаҳза ҳам бе назорат нагузоранд, зеро фориғболӣ нисбати кӯдакон боиси ба вуқуъ пайвастани ҳар хел рӯйдодҳои нохуш гашта метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД