Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки бар асари он пирамарде ҳалок шудааст
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 7-уми март, тахминан соатҳои 21:40-дақиқа дар роҳи Душанбе ба самти шаҳри Ҳисордар дар ҳудуди деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Волсваген-Пасат", Назаров Муқимҷон Саидмаҳмудович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Бобомуродов Ҳамроҳи 80-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сомонро пахш намудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, пиёдагард, Бобомуродов Ҳамроҳ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Ин хустин ҳолати ҳалокати солхӯрдагон зери чархи мошин набуда, тайи моҳҳои ахир чунин ҳаводис зиёд рух медиҳад.
Аввали моҳи ҷорӣ низ вазорат аз ҳалокати пирамарди 76 -сола зери чархи автомобил дар масири Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав хабар дода буд.