goodwell
Марги модари ду кӯдак баъди занг ба пулис баҳсбарангез шуд
29.09.2026
Oila.tj
195

Дар Қазоқистон марги як зани 28-сола бо номи Динара, модари ду кӯдак, боиси баҳс ва вокуниши ҷомеа шудааст.

Ба гуфтаи наздикони ӯ, Динара чанд соат пеш аз маргаш ба рақами «102» занг зада, бо гиря аз хушунати шавҳараш хабар додааст. Ӯ гуфтааст: «Маро шавҳарам мезанад». Пулис шавҳари занро ба шуъба бурдааст, аммо тақрибан баъди се соат ӯро ҷавоб додааст.

Субҳи рӯзи дигар ҷасади Динараро дар ҳаммом пайдо кардаанд. Пулис дар ибтидо ҳодисаро ҳамчун худкушӣ арзёбӣ карда, парвандаро бастааст.

Аммо пайвандони марҳум ин фарзияро қабул надоранд. Онҳо мегӯянд, ки Динара ҳамон шаб ба модараш низ занг зада, гуфтааст, ки шавҳараш ӯро бӯғӣ мекунад.

Наздикони зан аз Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон талаб доранд, ки қазия аз рӯйи моддаи куштор бозрасӣ шуда, ҳамчунин амали кормандони пулис, ки ба гуфтаи онҳо ба муроҷиати Динара ба таври зарурӣ вокуниш нишон надодаанд, мавриди тафтиш қарор гирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД