Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ писарбачаи 12-сола ҷон бохт. Эмомалӣ Шомаҳмадов нимаи дуюми рӯзи 8-уми феврал дар зери чархи “Портер” мондааст.
Тавре ки Маркази матбуоти Вазрати корҳои дхилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодисаи нохуш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқуъ пайваста, ронандаи мошини тамғаи "Портер" Нуриддин Шоеви 35-сола, сокини ҷамоати деҳоти С. Раҳимови ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, бехатарии ҳаракати ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, вақти воситаи нақлиётро ба қафо рондан, ноболиғ Шомаҳмадов Эмомалӣ Раҳмоновичи 12-сола, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷаи Шомаҳмадов Э.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.