35 years of independency
Марги кӯдаки 11 сола бар асари садамаи нақлиётӣ дар Душанбе
18.11.2026
Оила
153

Дар садамаи нақлиётии Душанбе кӯдаки 11-сола ба ҳалокат расид

17 -уми ноябр дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе садамаи марговари нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа як кӯдаки 11-сола ба ҳалокат расид.

Тибқи иттилои мақомоти милитсия, ронандаи автомашинаи тамғаи «Hyundai Porter» бо рақами қайди давлатии 2003TE10, Садриддин Розиқов, ҳангоми ҳаракат пиёдагарди ноболиғ - сокини 11-солаи пойтахтро, ки аз ҷойи муқаррарнашудаи роҳ мегузашт, пахш кардааст.

Дар натиҷа, кӯдак ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ ҷон додааст.

Вобаста ба ин ҳодиса санҷиши пешакӣ идома дошта, гумонбар дар бозшдошт қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД