Sebiston new 2024 october
Марги фоҷиавии як оилаи тоҷик
973


Хунрезию нооромӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба сокинони осоишта зарари зиёде расонида, даҳҳо хонаро вайрону валангор ва чандин оиларо мотамзада гардонд.

Дар қатори калонсолон кӯдакони бегуноҳ низ осеб дида, ғарқа дар хуну халаф ҷони ширини худро аз даст доданд...
Дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара рӯзи 17-сентябр якбора намози ҷанозаи 8 нафар қурбониёни даргириҳои хунини рӯзи 16-сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сар зада доир шуд.

Он рӯзи наҳс вақте ки ҷабрдидагонро ба беморхона бурданӣ шуданд, сарбозони қирғиз мошини "Ёрии таъҷилӣ" - ро бераҳмона тирборон карданд. Мошини “Ёрии таъҷилӣ” бар асари мушакборон ба коми оташ рафта, бар асари ин ҳодисаи ваҳшатбор 2 нафар кормандони тиб ва 6 узви як хонавода ба ҳалокат расиданд. Зани 53- сола ва келинҳояш, ки яке 25 солаву дигарӣ 29 сола будааст, ҳамроҳи 3 нафар фарзандонашон, аз ҷумла як тифлаки маъсум, ки ҳанӯз дар батни модараш буд, бар асари ин рӯйдоди хунин ҷони худро аз даст доданд.
Саидабдулло Нуриддин, журналисти муқими Исфара исми шаҳидони ин оиларо нашр кардааст. Сардори оила Файозова Муҳаёхон 21.03.1969 ба дунё омада, 53 сол дошт. Келини хонавода Баҳромзода Дилноза 31.03.1993 чашмба олами ҳастӣ кушода, ҳамагӣ 29- сол дошт. Келини дигари ин оила Уктамзода Садоқат 20.03.1997 ба дунё омада буд ва дар синни 25-солагӣ тифли 8моҳа дар батн ҷавонмарг шуд. Набераҳо Амриддинзода Асмоахон 11.07.2016 таваллуд шуда, ҳамагӣ 6 сол дошт, Илҳомзода Имрон бошад, 05.12.2017 ба дунё омада, ҳанӯз 5 сола ҳам нашуда аз тири қирғиз ба таври ваҳшатнок ҷон дод.
Тавре ки Саидабдулло Нуриддин нақл кардааст:
“Рӯзи 16- сентябр аввал як снаряди нирӯҳои Қирғизистон ба хонаи истиқоматии ин оилаи баргаштабахт дар маҳаллаи Таги Сада расида, девори ин хонаро чапа кардааст. Баъди афтидани снаряд сокинони маҳалла кӯдаконро ба беморхонаи деҳаи Найман интиқол додаанд ва аз беморхонаи Найман тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” мехостанд ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара баранд, вале дар роҳ дар болои кӯпруки деҳаи Чорқишлоқ мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба ҳамлаи нирӯҳои Қирғизистон дучор шудааст. Дар натиҷаи ин ҳамла 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла 6 нафар аз як оила.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД