Марги фоҷиавии як муҳоҷири тоҷик бар асари ҳамлаи дрон дар вилояти Маскав
Навруз Содиқов , муҳоҷири 24 солаи тоҷик дар натиҷаи ҳамлаи дрон ба анбори Валберис дар Электростали вилояти Маскав ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки Навруз Содиқов сокини ноҳияи Ҷайҳун буда, дар ин амбор ҳамроҳи бародараш кор мекардааст. Ҳангоми сар задани ин ҳодисаи нохуш бародараш ҷон ба саломат бурда, Наврӯз, ки чанде пеш оиладор шуда буд, ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расидааст.
Ҷасади ин ҷавони ноком айни замон дар сардхона аст ва рӯзҳои наздик ба ватан интиқол дода мешавад.
Ба пайвандони марҳум дар таҳаммули ин фоҷиа сабри ҷамил хоста, дуо мекунем, ки руҳи Наврӯзи ноком шод ва макони охираташ ҷаннати ҷовидон бошад.