goodwell
Марги фоҷиавии 6 нафар дар пайи садама дар Фархор
06.07.2026
Оила
211

 

Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон якбора шаш нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст.

Бино бар иттилоъи ВКД ин ҳодисаи нохуш санаи 4-уми июл дар ҳудуди деҳаи Бобосафоли ноҳияи Фархор рӯй дода, ронандаи мошини “Ҳундай Сервис” Муҳаммад Идрисзодаи 19-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Тайота-Карола”, ки онро Оятулло Турсунови 34-сола идора мекард, бархӯрдааст. Дар пайи садама ронандаҳои ҳарду мошин ва 4 мусофир ҷони худро аз даст додаанд. Таҳқиқи ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД