Commerce bank may-june 2026
Марги фоҷиавии 11 нафар бар асари садамаи мудҳиш дар шаҳри Ваҳдат
213

Субҳи имрӯз, 2-юми июл дар шаҳри Ваҳдат садамаи мудҳиши нақлиётӣ сар зада, 11 нафар ҷони худро аз даст дода ва 4 тани дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилоъи Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодисаи нохуш соати 6:30-и субҳ дар ҳудуди деҳаи Элок сар зада, системаи манъкунандаи воситаи нақлиёт, яъне тормози “Дулан” якбора аз кор баромадааст. Дар натиҷа “Дулан” ба ду мошини дигар - “Опел Зефира” ва “Тойота Прадо” бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, ки бар асари ин садамаи мудҳиш 11 нафар, аз ҷумла ронандаи “Дулан” Фирдавс Абдуллоев, ронандаи мошини “Тойота Прадо” Оқил Палавонов ва 9 нафар мусофирони дар дохили мошинҳо буда ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин садама ҳамчунин 4 нафар захмӣ гашта, вазъи саломатии яке аз онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Вазири корҳои дохилӣ, сардори Раёсати БДА ва додситони шаҳри Ваҳдат сабаби рух додани ин садамаи мудҳишро таҳқиқ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД