Бародарон 6 ва 7 сола, ки сокини ҷамоати Сомони шаҳри Ҳисор мебошанд, бо модарашон ба деҳаи Деҳқонободи ҷамоати Деҳқонобод барои гузаронидани ид мераванд.
Ҳангоми гаштугузори идонаи кӯдакона, аз болои қубуре, ки ду соҳили калони Ҳисорро ба ҳам мепайвандад, мегузаранд. Вале онҷоро тай накарда, мувозинати худро гум карда, ҳарду якбора ба оби канал меафтодаанд. Сайид Беков, сокини деҳаи мазкур ин ҳолатро дида, барои наҷоти онҳо ҳамон лаҳза худро ба канал партофта, то онҳоро наҷот диҳад. Мутаасифона , ӯ танҳо яке аз онҳо, писари 7-соларо наҷот дода навонистаасту додари 6- солаашро об бо худ бурдааст, хабар додаам сомонаи "Бомдод"
Дар ҳамон рӯз як писарбачаи 10- сола аз шаҳри Бохтар,ки мехост аз дарёи Вахш об нӯшад, мувозинати худро нигоҳ дошта натавониста, ба дарё афтода ғарқ шудааст.
Дар шабакаҳои интернети ҳолатҳои кофтукоби писарбача наҳр шуда, ҳоло маълум нест, ки ҷасадҳо пайдо шудаанд ё не.