Дар роҳи Душанбе-Чаноқ боз як садамаи марговари нақлиётӣ рӯй дода, дар пайи ин ҳодисаи нохуш ду нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Садамаи маргбор субҳи 30-юми июн дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ рӯй дода, мошини “Электромобил-Велместер” ба “Мерседес-Бенс-Спринтер” бархӯрдааст.
Дар пайи ин ҳодисаи нохуш ду мусофири “Электромобил-Велместер” ба ҳалокат расидаанд, ки яке 19 ва дигарӣ 27 сол доштааст.
Тафтишоти қазия идома дорад.