arzon replenishment
Марги домоду арӯс ва меҳмонон дар шаби тӯй
718

Дар шаҳри Ҳамадонияи вилояти Найнавои Ироқ дар рафти тӯйи арӯсӣ сӯхтор ба амал омад, ки бар асари он ҳудуди 100 нафар фавтида, беш аз 150 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар рӯз барои домоду арӯс гулхан даргиронда, аз оташбозӣ истифода кардаанд, ки он боиси сар задани сӯхтор шудааст. Сӯхтор хеле зуд паҳн шуд, зеро дар толори арӯсӣ панелҳои оташгиранда мавҷуд буданд. Дар натиҷа баъзе қисматҳои тӯйхона ба болои сари меҳмонон фурӯ рафтааст.

Вазорати тандурустии Ироқ барои кӯмак ба осебдидагон аз Бағдод ва дигар вилоятҳо нерӯҳои иловагӣ фиристод. Барои интиқоли захмиён теъдоди зиёди мошинҳои ёрии таъҷилӣ сафарбар шудаанд.

Ҳасан Ал-Аллоқ, муовини раиси вилояти Найнаво гуфтааст, марги 113 нафар дар ин ҳодиса тасдиқ шудааст. Ҳилоли Аҳмари Ироқ шумори умумии қурбониёну захмиёнро 450 нафар гуфт.

Ба иттилои ӯ ҳазор нафар дар ин тӯйи арӯсӣ иштирок доштаанд. Аввалин қурбониён домоду арӯсанд ва ҳангоми оташбозии меҳмонон онҳо ҳалок шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД