goodwell
Марги блогери машҳур ҳангоми ҷарроҳии пластикӣ
1017

Як блогерзани машҳур, ки мехост аз равғанҳои зиёдатии баданаш халос шуда, химчамиён ва боз зебою дилкаштар гардад, ҳангоми ҷарроҳии пластикӣ ҷони худро аз даст додааст. Наздиконаш дар марги блогер табибонро гунаҳкор месозанд.

Ҳодиса дар яке аз клиникаҳои хусусии шаҳри Алмаато рӯй дода, блогери машҳури қазоқ Сауле Бозорхонии 53-сола ҳангоми ҷарроҳии пластикии липосаксия, ки дар ҷараёни он равғани зиёдатӣ аз шикам, сурин ва дигар қисматҳои бадан бурида гирифта мешавад, аз олам даргузаштааст.

Тавре NUR.KZ навиштааст, пайвандонаш дар марги блогер табибонро гунаҳкор мешуморанд. Аз ҷумла, духтари марҳум Сауле Бозорхони гуфтааст, ки табибон бисёр хунукназарона рафтор карда, дар бораи сар задани ҳодисаи нохуш ба онҳо чанд соат хабар  надодаанд.

"15-уми майи соли 2026 модари мо Сауле Ермаханова дар як клиникаи хусусии шаҳри Алмаато даргузашт. Ҷарроҳии липосаксия бо наркоз барои оилаи мо ба як фоҷеаи талх табдил ёфт. Як соат, якуним соат, ду, се соат гузашт, вале табибон ба саволҳои мо дар бораи он ки чаро ҷарроҳӣ ин қадар тӯл кашида истодааст, посух намедоданд. Онҳо дар ҷавоби пурсишҳои пай дар пайи мо фақат хомӯш мемонданд ва танҳо соати 18:00-и бегоҳ иқрор шуданд, ки модарам аз олам гузаштааст”,-қисса кардааст духтари марҳум.

Пулис тафтишоти пешакиро оғоз намуда, фаъолияти клиникае, ки ҷарроҳиро гузаронида буд, муваққатан боздошта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД