Қатли бераҳмонаи ҳамҷинсгарои Тоҷикистонӣ бо тахаллуси “Тамара”.
23-сентябр дар ноҳияи Кировскии вилояти Ленингради Русия ҳукми суди ҳунарпешаи 53-солаи рус Юрий Яновский,ки дар куштори ҳамҷинсгарои тоҷикзабон гунаҳкор дониста мешавад,бароварда шуд.
Ҷисми ба таври бераҳмона пора-пора карда шудаи зодаи Тоҷикистонро моҳи июни соли ҷорӣ аз дарёи Мга пайдо карда буданд. Юрийро то баровардани ҳукм,ду моҳ дар пушти панҷара нигоҳ доштанд.
22 -сентябр ВКД-и шаҳри Санкт-Петербург хабари кушодани парванда дар бораи марги ҳамҷинсгарои тоҷикро,ки дар ҷамъияти ҳамҷинсгароён бо тахаллуси “Тамара” машҳур буд,дод.
Кормандони милитсияро синаҳои силиконии ҷисми пайдо шуда ҳайрон кард. Баъдан маълум шуд,ки ин марди зодаи Тоҷикистон ҳамҷинсгаро буда барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо мардҳои дигар синаҳои силиконӣ часпондааст.
Муфаттишон гунаҳкор дар марги “Тамара”-ро дар миёни муштариёни ӯ кофтукоб карданд. Дар натиҷа марди 53-солаи рус,ҳунарпешаи кино дар шаҳри Томск, Юрий Яновскийро дастгир карданд,ки ӯ ҳам дар ҷамъияти ҳамҷинсгароён номнавис шуда охирин муштарии “Тамара” будааст.
Суди шаҳри Санкт-Петербург Юрий Яновскийро ба 18-соли зиндон маҳкум кардааст.