Formula july 2024
Марги беш аз 500 ҳоҷӣ дар зиёрати ҳаҷ
1764

Имсол дар маросими ҳаҷи фарзӣ дар шаҳри Макка беш аз 550 кас ҷон бохтаанд. Сабаби марги бештари зоиронро Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ ба гармии беш аз 50-дараҷаӣ рабт додааст.

Гуфта мешавад, ки беш аз 300 ҷонбохта аз Миср будаанд ва инчунин дар миёни онҳо шаҳрвандони Эрон, Тунис, Урдун, Сенегал, Индонезия ва кишварҳои дигар низ ҳастанд.

Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ зоиронро аз гармии ҳаво ҳушдор дода, гуфтааст, ки бештар об нӯшанд ва дар зери нури офтоб зиёд наистанд.

Маълум нест, ки дар миёни зоирони фавтида шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд ва ё на.

Ба иттилои расмӣ, Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон имсол 7 ҳазор квота ҷудо карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД