Formula novemver 2024
МАРГИ АРӮСУ ДОМОД ДАР РӮЗИ ТӮЙ
2407

Сайёди аҷал хеле зираку ҳушёр аст, намедонӣ, ки кай ва дар куҷо ғофилгират мекунад.

Якеро ба коми оташ ё дарё тела медиҳад, дигариро зери чархи мошин, риштаи ҷони саввумиро бо баҳонаи беморӣ бераҳмона мебурад, то инсон домангири аҷал набошад...

Афсонаи ишқи Шукрия ва Ёсинҷон дар деҳаи Пахтакор даҳон ба даҳони мардум мегашт. Ҳама умеди калон доштанд, ки ин ҷуфти муносиб бо ҳам оиладор шуда, зиндагии зеборо барпо месозанд, аммо тақдир кайҳо сарнавишти ҳардуи онҳоро ба хости худ сохта буд. Вой аз ин дунёи бевафою тақдири номард. Он рӯз Шукрия бо куртаи арӯсӣ ҳури биҳиштро мемонд. Домод низ хеле зебо гашта буду аз хурсандӣ ҳар лаҳза бетоқат мешуд. Бояд дар тарабхонаи беҳтарини Душанбе маросими ҷашни висолашонро барпо мекарданд, аммо хушбахтӣ насибашон нагашт. Дар рӯзи тӯй, вақте ки арӯсу домод ҷониби боғи Ирам равон буданд, мошинашон ба садама дучор мешавад. Арӯс дар натиҷаи сахт зарб хӯрдани сараш дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин месупорад, домоди бетолеъ бошад, то ба дари беморхона нарасида, хабари марги арӯсро шунида, ҷон медиҳад.

Маҳаллаи Пахтакор ҳафтаи гузашта мотами сахт дошт, зеро ду ҷавони ноком дар рӯзи хонадоршавияшон ҷон ба ҳақ таслим намуданд. Ашки чашмони модар ва қомати хами падари Ёсин дили сангро об мекард. Ба ҷои ба тахти арӯсиву домодӣ нишастан, ҳар дуро ба тобут савор карда, самти мазор бурданд. Меҳмононе, ки бояд дар хурсандии эшон мерақсиданд, дар марги Шукрия ва Ёсин хун мегиристанд. Руҳатон шоду хонаи охирататон обод бошад, дӯстони гулам. То ба ҳол барои шумо мегиряму мегирям.

Раҳмия Асоева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД