Иброҳимҷон, абераи хурдакаки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президинти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи мубораки рамазон, аниқтараш дар арафаи иди саиди фирт ҷон ба ҷонофарин супурд.
Иброҳимҷон абераи Президент ва писари Исмоили Муҳаммадзоир мебошад, ки бо хайрхоҳиву накӯкориаш дар ҷомеа ном баровардааст.
Доғи фарзанд сахттарин дард ва гаронтарин мусибате мебошад, ки дар ин дунё ба сари одамизод омада, доғи ҷигарсӯзаш то рӯзи қиёмат аз дили волидон намеравад, вале Исмоил ба тақдири илоҳӣ тан дода, дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм навиштааст:
“Фарзанд амонат аз ҷониби Аллоҳ аст. Ба атояш шукрона мекунам ва ба гирифтанаш сабру шикебоӣ. ИншоАллоҳ, умед дорем, ки ҷигарбандам Иброҳимҷон дар рӯзи қиёмат шафоаткунандаи мо хоҳад шуд. ДИДОР ТО ҚИЁМАТ, БАЧАҶОН!”
Дар идомаи ин дарднома Исмоили Муҳаммадзоир илова кардааст:
“Ҳар мусибате, ки ба сари инсон меояд, бо амри Аллоҳи Қодиру Тавоност ва мо бояд ба ҳамаи ин шукргузор бошем.”
Дар як навори видеоӣ беш аз 20 нафар ҳоҷиён, ки бо кӯмаки Исмоили Муҳаммадзоир ба тавофи хонаи Каъба мушарраф гаштаанд, дар ҳаққи ин ҷавонмарди дарёдилу хайрхоҳ ва фарзанди ҷавонмаргаш дуо карда мегӯянд:
“Дар ивази ин некиҳову хубиҳову ҷавонмардонагиат некии дунёву охиратро бароят дуогӯем. Парвардигор бар ивази ин мусибати вазнин, ки фироқи фарзанд буд, Худованд сабри ҷамилу аҷри бузургро насибат гардонад. Худованд Иброҳимҷонро шафиъ ва дастгири рӯзи охиратат гардонад ва фарзандони солиҳу солимро насибат гардонад. Ҳамаи ҳоҷиён дуогӯят ҳастанд, омин”
Исмоили Муҳаммадзоир бо хайрхоҳиву накӯкорӣ ном бароварда, ҳамеша ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону бечорагон дасти мадад дароз мекунад. Бо шарофати ин ҷавони хайрхоҳ ва Ҳотамнажод чандин одамони бе пушту паноҳ соҳиби манзил гаштаанд.
https://pressa.tj/sahovatpeshai-solro-intihob-namoed/
Аз ҷумла ба яке аз қаҳрамонони барномаи “Умеди охирин”-и сомонаи Оила. ТЧ Исмоили Муҳаммадзоир якбора ду ҳавлии замонавӣ тӯҳфа карда буд. Бо ёрии ин ҷавонмарди некӯкор маризони зиёдеро низ ба дарди худ даво ёфтаанд. Исмоили Муҳаммадзоир ҳамчунин ба 167 оилаи аз офати табиӣ зарар дидаи ноҳияи А. Ҷомӣ маводи хӯрока фиристода, дуои неки онҳоро гирифта буд.
Чанде пеш дар як рейтинг, ки ҳафтаномаи “Тоҷикистон”ва сомонаи Pressa.tj гузаронида буданд, дар номинатсияи “Саховатпешаи сол” Исмоили Муҳаммадзоир бо гирифтани овози зиёд сазовори ҷойи аввал гашта буд, вале тавре ки мегӯянд, тақдирро тадбир нест ва дар арафи иди саиди фитр ҷигарбанди Исмоил-Иброҳимҷон аз олам даргузашт.
https://pressa.tj/sahovatpeshai-solro-intihob-namoed/