Gazrpom april 2025
Мардуми Форс 2400 сол қабл яхдон доштанд
19.04.2025
Oila.tj
556

Дар Форси Қадим зиёда аз 2400 сол пеш мардум чӣ гуна нигоҳ доштани яхро дар биёбон медонистанд ва онро Яхчол номида буданд, ки маънои чоҳи яхинро дорад.

Яхчол иморати гумбазшакли девораҳояш аз хишти пухта ва лойӣ сохташуда мебошад, ки дохилаш ҳамеша хунук мемонад. Зимистон ба ин Яхчол обҳои тармаву дарёҳо тариқи наҳру ҷӯйбор ворид шуда, онро пур мекунанд. Баъд аз он, ки ин обҳо ба ях мубаддал мешаванд, онро ба қисматҳо ҷудо карда, мебуранд, ва дар ҷойи аз ҳама хунуки Яхчол мегузоранд. Ин ях метавонист якчанд моҳ нигоҳ дошта шаванд, ҳатто моҳҳои гармтарини тобистон як намуд меистанду дар он обҳову шарбатҳо, маҳсулоти хӯрока ва дорувориҳо нигоҳ дошта мешуданд.

Ин иншооти аҷоиб ба форсҳо имконият дода буд, ки дар фасли гармову ҳарорати баланд аз маҳсулоти тару тозаву хунук истифода баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД