Formula novemver 2024
МАРДРО БО 3 ФАРЗАНДАШ КУШТАНДУ...
4544


Инсон бузургтарин ва зеботарин офаридаи Худованд аст ва офаридгор ба хотири муҳаббати беандозае, ки нисбат ба ин офаридааш дорад, одамро тоҷик махлуқот номида, барояш беҳтарин неъматҳо, аз ҷумла ақлу хирадро ҳадя намудааст, вале шахсони бехирад ва золиме низ ёфт мешаванд, ки ба номи неки инсон иснод меоранд.

Рафтори ин тоифаро дида, кас ба ваҳшат меафтад ва андешае дар майнаат чарх мезанад, ки бадтарин ва бераҳмтарин офаридаи илоҳӣ одам будааст. Рафтори ду марди бераҳм ва хунхор ки ҳатто ба кӯдакони бегуноҳ заррае тараҳҳум накарда, аҳли як хонаводаро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидаанд, далели равшани ин гуфтаҳост.

Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти ду сокини ҷамоати деҳоти Ҷумсангири ноҳияи Ҷайҳуни Вилояти Хатлон бо иттиҳоми куштор хабар додааст. Боздоштшудагон, ки яке 37 ва дигарӣ 33 сол дорад, дар қатли аҳли як хонавода муттаҳам дониста мешаванд.

Ба итилои манбаъ, ин ду марди ташнаи хун мисли дарранда ба хонаи яке аз сокинони ноҳияи Ҷайҳун даромада, марди соҳибхонаро бо се фарзанди хурдсолаш, ки яке 8, дигарӣ 14 ва саввумӣ 14 сол доштааст, ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидаанд.

Айни замон нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти ҷузъиёти дигари ин қазияи хунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД